ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

11
майи
2021

«ИН БАДБАХТӢ ФОҶЕАИ НА ТАНҲО МОДАРОНИ АФҒОН, БАЛКИ ТАМОМИ МОДАРОНИ РӮИ ОЛАМ АСТ!». Тасаллиномаи занону бонувони Тоҷикистон ба модарони афғон

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Бо оҳи ҷонсӯз ва дили ҳазин имрӯз ғамшарики модарони афғон ҳастем, ки ҷигарбандонашон зимни амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҷавони худро ба ҷонофарин супориданд. Ин кулфат, ин ҳасрат, ин бадбахтӣ фоҷеаи на фақат модарони афғон, балки тамоми модарони рӯи олам аст».
 
 Ин пораест аз тасаллиномаи  модарони тоҷик, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.
 
Дар зер матни мукаммали он манзур мешавад.
 
«Боз як даҳшати ҷонсӯзу дилхарош, амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи иғвогар, ки фазои орому осударо халалдор намуд, хотири модарони тоҷикро мушавваш гардонид. Хабари тарконидани мактаби духтаронаи шаҳри Кобули Афғонистон ва марги донишандӯзони он, ки 55 нафар духтарони ташнаи илму маърифат буданд, модарони тоҷикро ошуфта гардонид. Бо оҳи ҷонсӯз имрӯз ғамшарики модарони афғон ҳастем, ки ҷигарбандонашон зимни амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҷавони худро ба ҷонофарин супориданд. Бехабар аз дунёи фонии иғвогароёна онҳо машғули донишомӯзӣ ба хотири созмон додани ояндаи дурахшони худ буданд. Вале ҳайҳот, носипосони даҳр, хоинони давлату миллат нақшаҳои мусаллаҳонаи худро амалӣ намуда, ҳаёти осоиштаи оилаҳоро халалдор намуданд. Модарони тоҷик ин амали ноҷавонмардонаю беадолатонаи гурӯҳҳои террористӣ, саркардагони ин фоҷеаи даҳшатборро сахт маҳкум намуда, ҳамдардӣ ва  таслияти худро ба модарони ғамзадаи афғон изҳор медоранд.
 
Рӯҳи рафтагон шоду манзили охираташон обод бошад. Ин кулфат, ин ҳасрат, ин бадбахтӣ на фақат фоҷеаи модарони афғон, балки тамоми модарони рӯи олам аст.
 
***
 
Ҳамчунин донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба занону бонувони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя- Афғонистон чунин изҳори таслият  намудаанд:
 
 «Вобаста ба ҳамлаи хунине, ки  8 май дар мактаби духтаронаи «Саид-ул-шуҳадо»-и Кобул сурат гирифт, ба модарони афғон  изҳори таслият ва ҳамдардӣ мекунем. Мо, ҷавонон ҳамеша бар зидди чунин амалҳои террористӣ мубориза мебарем ва чунин амалҳоро маҳкум месозем. Зеро дар ин фоҷеаи хунин аслан кӯдакону наврасоне мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки ташнаи илму дониш ва маърифат буданд. Баръакс, гурӯҳҳои террористӣ муқобили сулҳу субот ва донишомӯзӣ буда, ҳамеша барои ноором сохтани вазъи ҷомеа даст ба амалҳои  хунини маргбор мезананд. Тасаввур нокарданист, вақте аз дари хонаи беш аз 55 модар тобути фарзанд ворид мешавад ва ин кӯдакони наврасу ҷавон орзуҳояшонро бо худ ба хок мебаранд. Шояд баъзеи ин кӯдакони зери ҳамла қароргирифта  бо лутакҳои кӯдакона бозӣ мекарданду  бархеи дигар орзу доштанд калон шуда, ба кишварашон, ба модаронашон озодӣ биёранд. Аммо орзуҳояшонро бо худ ба хоки абадӣ бурданд.
 
Ногуфта намонад, ки ҳеҷ гоҳ шахси бад ба мақсад намерасад ва мо ҳама вақт зидди терроризму амалҳои террористӣ мубориза мебарем. Бори дигар ба ҳар модаре, ки фарзандашро аз даст додааст, таслияти худро баён медорем.
  

untitled kopiya 768x402

ДАР АКС: духтарон дар мактаб машғули донишомӯзӣ ва аз андешаҳои нопоки террористон бехабар буданд…
  
untitled.JPG2 kopiya
 
untitled.JPG2 .JPG3 768x432
 
ДАР АКС: пас аз таркиш аз наврасони бегуноҳ китобу дафтари чошу парешашон нишон монд…
 
Ин ҳодисаи мудҳиш ҷавонони моро водор месозад, ки боз ҳам қавитару боиродатар ва ҳушёру зирак бошанд.
 
Мо, ҷавонони тоҷики даврони истиқлол ҳамеша дар  атрофии  Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид  буда, аз мактаби сулҳпарваронаи Сарвари давлатамон  сабақ мегирем, зеро тақдири имрӯзу ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».
 
***
 
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар назди мактаби духтарона дар Кобул барқияи таслият ирсол намуданд.
 
Дар барқия гуфта мешавад, ки хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас  боиси «андӯҳи амиқ ва нафрати беандоза»-и Президенти Тоҷикистон гардид.
 
«Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки неруҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист», — изҳор доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
 
Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамояд.
 
Инчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таслият ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Афғонистон изҳор намуданд.
 
Ёдовар мешавем, ки 8 май дар ғарби Кобул дар назди мактаби духтарона таркишҳо рух доданд, ки дар натиҷа беш аз 55 нафар ҳалок ва 150 нафар маҷрӯҳ шуданд.
 
                                                           АКС аз манбаъҳои  боз
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal