Ташаккули тарзи ҳаёти солим - самти асосии сиёсати иҷтимоии давлат
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии кӯдаконро ҳамчун яке аз шартҳои муҳим ва зарурии инкишофи ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон эътироф намуда, ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солими кӯдак, пешгирии бемориҳои кӯдакона, таъмини онҳо бо ғизои хушсифат ва ғайра тадбирҳои заруриро меандешад.
Дар самти мазкур ҳуҷҷатҳои зиёди барномавӣ, аз ҷумла Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022, Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 ва дигарҳо амалӣ шуда истодаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият менамуд. Бо шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 4369 адад баробар гардида, инчунин сохтмони даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ҷиҳати солим нигоҳ доштани шаҳрвандон аз тарафи Ҳукумати кишвар шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд, ки боиси солҳои охир паст шудани сатҳи фавти модарону кӯдакон гардидааст. Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар ҷумҳурӣ 244026 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки 49,4% (120 549 нафар)-и онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 3303 кӯдаки то яксола фавтидааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019 (3624) 321 нафар кам мебошад.
Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кӯдакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз карда шаванд.
Бинобар ин, дар натиҷаи давра ба давра аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронидани кӯдакон ва эмкунии онҳо теъдоди кӯдакони мубталои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил кам гардидааст.
Дар баробари дастовардҳо дар ин самт баъзе мушкилиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла зиёдшавии гирифтории кӯдакон ба бемории ВНМО, бемории диабети қанд, нуқсонҳои модарзодии дил ва камхунӣ ташвишовар аст. Мувофиқи маълумотномаи омории ВТҲИА ҶТ соли 2020 дар ҷумҳурӣ 1079 нафар кӯдакони то 18- сола бо ВНМО, 933 нафар бо диабети қанд, 4001 нафар кӯдакон бо бемории нуқсонҳои модарзодии дил ва 33 447 нафар бо камхунӣ ба қайд гирифта шуда, таҳти табобат ва назорат қарор доранд.
Мутахассисон сабабу омилҳои зиёдшавии чунин бемориҳоро дар камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ғизоӣ, пурхурӣ ва фарбеҳӣ мебинанд. Инчунин пешгирии воридшавии ғизои кӯдаконаи ба талабот номутобиқ, доруҳои пастсифату муҳлаташон гузашта низ метавонад боиси кам шудани чунин бемориҳо гардад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мусоидат ҷиҳати амалигардонии ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ мебошад. Бо мақсади муайян намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон аз ҷониби ВҲК ҶТ соли 2020 дар марказҳои саломатии шаҳрии №2 ва №3 шаҳри Душанбе ва Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мурғоби ВМКБ санҷиш гузаронида шуд.
Натиҷаи санҷишҳо нишон медиҳад, ки дар марказҳои номбаршуда хизматрасонии тиббӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳолати зоҳирӣ ва атрофи бинои Муассисаҳо, даруни бино ва ҳуҷраҳои корӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, ба талаботи санитарию гигенӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Бо кӯмаки сафорати давлати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мурғоби ВМКБ шаш ҳуҷраи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, бо кӯмакҳои мазкур ҳуҷраи бемориҳои чашм ва дандонпизишки бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ таъмин карда шудааст, ки ба мизоҷон хизмат мерасонад.
Хизматрасонӣ дар Муассисаҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2 декабри 2008 ба роҳ монда шуда, кӯдакони то яксола, кӯдакони маъюб ва дигар бемориҳое, ки қарори зикршуда муайян намудааст, ба тариқи ройгон табобат мегиранд. Дар муассисаҳои номбаршуда ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ташкил карда шудааст, ки доруҳои амоксасилин, синк, регидрон барои беморони то панҷсола аз рӯи тавсияи духтурон дар асоси дорухат ройгон дода мешавад.
Ҳамзамон дар ин Муассисаҳо кӯдакони маъюб ба тавонбахшӣ ва солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои дахолати саривақтии тавонбахшии маъюбон ҳуҷраи алоҳида ташкил карда шуда, бо таҷҳизотҳои лозима таъмин карда шудаанд. Барои ҳар як кӯдак ҷиҳати инкишофи саривақтӣ парвандаи алоҳида ташкил карда шуда, ҳолати кӯдакон назорат карда мешавад. Ба падару модарон реҷаи амал дар хона тавсия дода шуда, дар парвандаи шахсии кӯдак қайд карда мешавад.
Инчунин дар муассисаҳо ҳуҷраи хатнагузаронӣ ташкил карда шудааст, ки аз тарафи мутахассисон ройгон хизмат расонида мешавад.
Дар самти мазкур баъзе мушкилиҳо ҷой доранд. Хусусан дар ноҳияҳои дурдаст норасоии мутахассисон дар муассисаҳои тиббӣ ба мушоҳида мерасад, ки сабаби онро кормандони соҳа дар кам будани маош, набудани имтиёзҳо ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани мутахассисон мебинанд. Дар баъзе муассисаҳои тиббӣ хусусан дар ноҳияҳои дурдаст, нарасидани таҷҳизоти тиббӣ ё куҳнаву фарсуда будани он ба мушоҳида мерасад.
Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳое, ки ба ҳаёти солим алоқамандӣ доранд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ таъмин карда мешаванд. Тибқи қонунгузории амалкунанда давлат ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро ҳифз менамояд, ҳуқуқи онҳоро ба шароити зиндагӣ, ки барои такомули ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, ахлоқию иҷтимоӣ заруранд, кафолат медиҳад. Зеро ояндаи ҷомеа ва давлат аз насли солим вобаста аст.
Мутахассиси пешбари Шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Машрабзода А.