ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

19
марти
2021

Ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кӯдакони дорои маъюбият

Ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кӯдакони дорои маъюбият
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021)

Кӯдакони дорои маъюбият яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, ба ғамхорӣ ва имтиёзҳои махсус ниёз доранд. Ҷалби ин кӯдакон ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва барои онҳо ташкил намудани муҳити дастрас вазифаи асосии ҷомеаи муосир мебошад.


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо барномаҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамчунин Президенти кишвар моҳи марти соли 2018 зери Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон имзо гузоштанд, ки иқдоми муҳиме дар самти такмил ва амалишавии ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият мебошад. Конвенсия таъмини иштироки шахсони дорои маъюбиятро дар қатори дигар шаҳрвандон дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа, эҳтироми қадру қиммати инсонӣ ва мустақилияти шахсияти онҳоро пешбинӣ намуда, барои гузаштан аз моделҳои муносибати хайриявӣ ва тиббӣ ба моделҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ замина мегузорад.
Ҷиҳати тадриҷан тайёр намудани заминаи иҷтимоию иқтисодии муносиб барои ба тасвиб расонидани Конвенсияи мазкур бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 №116 “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” тасдиқ гардида, амалсозии он ба роҳ монда шудааст.
Дастгирии иҷтимоии кӯдакони дорои маъюбият яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти мазкур ҳадафҳои мушаххас муайян шудаанд. Фароҳам овардани шароит ҷиҳати дастрасии хизматрасониҳо, фарогирӣ бо таълиму касбомӯзӣ ва шуғл, мутобиқгардонии муҳити зист ва инфрасохтор, таъсиси марказҳои махсусгардонишудаи тавонбахшӣ ва барқарорсозии саломатӣ, ташкили низоми пешгирии афзоиши ҳолатҳои нави маъюбии кӯдакон, рушди хизматрасониҳои тиббию генетикӣ барои муайянсозии барвақтии нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳадафҳо мебошанд.
Ҳифзи иҷтимоии кӯдакони дорои маъюбият тањти ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки пайваста барои рушди низоми ҳифзи иҷтимоии маъюбон масъалагузорӣ намуда, дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии мамлакат дастур доданд, ки нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.
Дар ин асос бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.2020, №1580 аз 1 сентябри соли 2020 андозаи нафақаи кӯдакони маъюбе, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, 50% зиёд карда шуда, ба нафақаи кӯдакони маъюбе, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақа таъин гардидааст, баробар карда шуд.
Таъминоти нафақаи кӯдакони дорои маъюбият дар беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо нақши муҳим дорад. Тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2021 шумораи умумии кӯдакони дорои маъюбият дар ҷумҳурӣ 29 793 нафарро ташкил медиҳанд, ки айни ҳол андозаи нафақаи онҳо ба 310 сомонӣ баробар мебошад. Ҳамчунин Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дастур доданд, ки андозаи нафақаи маъюбони то 18-сола 20% зиёд карда шавад.
Иқдомҳои зикргардида дар беҳ шудани вазъи иқтисодию иҷтимоии кӯдакони дорои маъюбият мусоидат намуда, барои инкишофи солим ва мустақилияти онҳо мусоидат хоҳад кард.

Сайёд Раҳимов,
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal