ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
марти
2020

Модарону бонувони азиз!
 
Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
 
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.

6
марти
2020

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 март дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон Конфронси байналмилалии «Занон дар политсия» ҷараён дошта, дар он  275 нафар кормандзанони полис аз 11 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

3
марти
2020

ДУШАНБЕ, 02.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 28 сол пур мешавад. Маҳз 2 марти соли 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ тибқи қатъномаи 46/224 Тоҷикистон чун мамлакати соҳибистиқлол ба узвияти СММ ҳамроҳ гардид. Дар давраи начандон дарози узвият Тоҷикистон дар созмони мазкур 4 ташаббуси ҷаҳонии марбут ба обро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон гардонид. Пешниҳоди ин ташаббусҳо имкон дод, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷанбаи экологии об бештар гардад. Дар робита ба нақши Тоҷикистон дар татбиқи иқдомҳои ҷаҳонии марбут ба об ва саҳми Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳалли мушкилоти экологии мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА бо намояндаи доимии БР СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа МЕҲТА  мусоҳиба анҷом дод.

6
марти
2020

ДУШАНБЕ, 05.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш маросими рӯнамоии китоби мардумшиноси машҳури рус Михаил Андреев «Таджики долины Хуфа» («Тоҷикони водии Хуф») баргузор гардид. Ин китоб дар зоти худ бисёр нодир буда, бештар аз 600 сафҳа маълумоти фаровон аз ҳаёту фаъолияти тоҷикони болооби Амударёро фаро мегирад. Дар ин бора дирӯз  рӯзномаи «Ҷумҳурият» зимни интишори мақолае хабар дод.

6
марти
2020

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» намоиш доир гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal