МЕНЮ
24
феврали
2020
|
22.02.2020, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Мардуми шарифи Тоҷикистон фардо санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.
24
феврали
2020
|
ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.22 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад.
22
феврали
2020
|
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.21 феврал дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.