ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

14
майи
2020

Якҷоя дар хона

Илм тасдиқ кардааст, ки кӯдакон тариқи бозӣ меомӯзанд. Бинобар ин, мо барои шумо ва кӯдаконатон силсисаи бозӣ ва дигар машғулиятҳои хонагӣ ва оилавии #ЯкҷояДарХона– ро ҷамъ овардаем. Муҳим нест, ки шумо дар ҳавлӣ ё бинои серошёна зиндагӣ мекунед. Ин машғулиятҳо ба ҳама мувофиқ меоянд!
Дар ҳар яке аз постерҳои зерин чӣ тавр муфид ва диққатҷалбкунанда вақтро бо кӯдакон дар хона гузаронданро мо аёнӣ нишон медиҳем. Ба шумо вақтгузаронии шавқовар ва бомаърифати якҷояро таманно дорем!
 
1 8 РУЗИ 1
 
Рӯзи 1. Вазъи боду ҳаво ва муҳити зист, инчунин  хуруҷи коронавирус ба фаъолияти берун аз хонаи кӯдакон монеъ шуда метавонад. Аммо хавотир нашавед, чунки мо новобаста аз ин метавонем дар хона баъзе бозиҳоро бо кӯдакон бозӣ намоем.
Хонаи тортанакро созед: бо ресмон хонаи тортанакро дар ягон кунҷи хона созед (масалан байни ҷевонҳо, ё дар зери мизи хӯрокхӯрӣ ва ё дар долон). Моҳияти бозӣ аз он иборат аст, ки кӯдакон бояд аз байни ресмон ба он нарасида гузаранд. 
Агар шумо дар хавлӣ зиндагони мекунед, шумо метавонед ба маводҳои сохташуда аз резина, ресмон барои ҷаҳидан, тӯбҳо, ҳалқа барои ҳаракатҳо бозӣ кунед. Метавонед ба сохтани алвонҷаки худсохт бо назардошти бехатарии кӯдакон машғул шавед.
 
2 7 РУЗИ 2
 
Рӯзи 2. Оё Шумо медонед, ки омода намудани хӯрок бо кӯдакон якчанд имтиёзҳои худро дорост, ки ба онҳо инкишофи иҷтимоию эҳсосӣ; забон; қобилияти идрок ва инкишофи ҷисмонӣ дохил мешавад? Ҳангоми пухтупаз кӯдакони хурдсол ва ҳамчунин кӯдакони синну соли томактабӣ метавонанд аз уҳдаи иҷро намудани амалҳо оддитарин бароянд: омехтани хамир, омода намудани чалпак, чидани кабудиҳо аз боғи наздиҳавлигӣ, шустани сабзавот ва ҷамъ намудани дастархон. 
Барои ҷалб намудани падарон ва дигар  шахсоне ки дар оила якҷоя зиндагӣ мекунанд дар раванди омода намудани хӯрок якҷоя бо кӯдакон таваҷҷуҳи махсус диҳед.
 
3 8 РУЗИ 3
 
Рӯзи 3. Бо фарзанди худ китоб эҷод намоед: лаҳзаҳоеро бо кӯдакони худ ба хотир оваред, ки дар он Шумо бештар ханда карда будед, дилхоҳ ҳодисаи хеле хандовар, ки бо Шумо дар оила ба амал омада буд. Барои омода намудани китоб, саҳифаҳои он Шумо метавонед аз маводҳои мавҷуда истифода баред, кӯдакон метавонанд расми ҳикояро кашанд ё расмҳоро аз маҷаллаҳои сайру сайёҳӣ интихоб намуда, муқоваи онро бо хоҳиши худ ороиш диҳанд ё нависанд агар онҳо онро дар шакли нақл намудани ҳикоя бо расмҳо иҷро карда тавонанд.
Роҳи дигар ин ҳаракат намоед бо кӯдаконатон онро нақшбозӣ намоед ва навори хурди ҳикоя/чорабинии хандаоварро сабт намоед, то ин ки ин воқеаро зинда гардонед. Ҳамчунин метавоед китоб хонед.
 
4 5 рузи 4
 
Рӯзи 4. Маҷмӯи аломатҳоро барои муваффақ гардидан дар кофтукови ҷавоҳирот дар хона омода намоед. Аломатҳо метавонанд дар шакли саволҳои оқилона бошанд, ки барои дарёфт намудани кунҷҳо ва чизҳо дар гирду атрофи хона, ки кӯдакон то қадри имкон намедонистанд онҳо барои чӣ буданд, кӯмак мерасонанд.
Барои кӯдакони хурдсол, Шумо метавонед ҳарфҳои алоҳидаро пинҳон намоед ва пас аз ҷамъоварии онҳо аз кӯдакон хоҳиш кунед, ки калимаҳо аз ҳарфҳои дарёфтшуда тартиб диҳанд.
 
5 4 рузи 5
 
Рӯзи 5. Аз қуттиҳо компютер созед. Кӯдакон аз маводҳои аз нав кордшавандаи дастрас компютер ва клавиатураи худро месозанд. Моҳияташ он аст, ки аз қуттии картон ё қоғазин сохтани монитор, аз қуттӣ барои тухм сохтани клавиатура ва дар болои клавиатура кашидани ҳарфҳо ва рақамҳо ва гузоштани сурат дар рӯйи монитор.
Роҳи дигар ин сохтани дилхоҳ мошине, ки кӯдакон мехоҳанд созанд ва кашидани тугмачаҳо ба рӯйи онҳо, ки амалҳои гуногунро иҷро менамоянд.
 
6 4 рузи 6
 
Рӯзи 6. Барои ин машғулият дегча, тоба, зарфҳои пластикӣ, дегча ва қошуқҳо лозим мешаванд. Якҷоя онҳо суруди писандидаашонро пайдо намуда ва ошхонаро ба хонаи мусиқӣ табдил медиҳанд. Вазни сурудро пайравӣ намуда, бо зарфҳо чунин месароянд монанди оне, ки ба гурӯҳи мусиқӣ тааллуқ дошта бошанд.
Як суруди машҳурро метавон ҳам ба волидайн ва ҳам ба кӯдакон пешниҳод намуд, то ин ки онҳо бозӣ кунанд ва навори консертро бо дигарон мубодила намоянд.
 
7 4 рузи 7
 
Рӯзи 7. Мошинчаҳо/шаклҳо/лухтакҳо/ ҳайвонҳои хурд ва ғайраро гиред. Дар назди дастшӯяк гузоред. Дастшӯякро бо кафк пур намоед. Дар тарафи дигар сатили обро барои обгардон намудани бозичаҳо омода созед. Дар охир онҳоро бо сачоқ хушк намоед.
Тавассути ин машғулият кӯдакон чи гуна иҷро намудани ин қадамҳоро меомӯзанд ва онҳо метавонанд ин қадамҳоро мустақилона иҷро намоянд ва волидайн танҳо мушоҳида менамоянд. Ба кӯдакони синни томактабӣ Шумо метавонед шустани ҷуробҳо ва рӯймолчаҳо, хушк намудани онҳро дар берун бо қаппакҳо нишон диҳед.
 
8 4 рузи 8
 
Рӯзи 8. Волидайн ё парасторон метавонанд аз имконият истифода бурда, ба кӯдакон баъзе аз оддитарин малакаҳои ҳаётиро омӯзонанд. Яке аз онҳо ин таҳ намудани либосҳо! 
Роҳи дигар: Ба тартиб даровардани намудани бозичаҳо (хурду калон, мошинчаҳо, бозичаҳо ва ғайраҳо); ба тартиб даровардани намудани пойафзол дар коридор.
 
рузи 9
 
Рӯзи 9. Пластилин тайёр намоед. Ба кӯдакон сохтан аз пластилин хеле маъқул аст, махсусан агар онҳо дар рафти омода намудани он бо Шумо иштирок намоянд.
Ин аҷоиб аст, кӯдакон метавонанд эҷодкор бошанд ва инчунин ба инкишофи моторикаи хурд мусоидат менамояд.
 
10 4 рузи 10
 
Рӯзи 10. Бо истифодаи бозии оддии “ман ҷосусӣ мекунам” ё “ман мебинам” якчанд донишҳои математикӣ ва забониро машқ намоед. Онро оддӣ нигоҳ доред ва бо гуфтани ман дар ин ҳуҷра ашёи кабудро мебинам” оғоз намоед ва бигзор кӯдакон барои дарёфт намудани ашёи дар фикри Шумо буда бештар савол диҳанд. Шумо боз якчанд калидҳоро пешниҳод карда метавонед, ба монанди “ман чизи хурду даврашаклро мебинам”, “ман чизи нарм ва сафедро мебинам” ва ғайра.
Барои кӯдакони калонсол бошад: “ман чизеро ҷосусӣ менамоям, ки ҳарфи аввалаш С мебошад”.
 
11 2 рузи 11
 
Рӯзи 11. Бо истифода аз ҷойпӯшҳо, курпаҳо, болиштҳо, курсиҳо ва ғайра қалъача созед. Сохтмонро саросемавор ба анҷом нарасонед ва гузоред, то кӯдакон низ дар сохтмони он иштирок намоянд.
Агар Шумо як қуттии картон ёбед, пас эҷодкорӣ зоҳир намоед. Шумо метавонед онро ба қалъача, қаиқ, ракета табдил диҳед, метавонед дар болояш расм кашед, часпонишҳоро гузоред ва агар Шумо чизҳои хандаоварро аз маҷаллаҳои кӯҳна бурида бошед, метавонед ба кӯдакон иҷозат диҳед, ки онҳоро часпонанд. 
 
12 2 рузи 12
 
Рӯзи 12. Фонусчаро гирифта ба кӯдаконатон дар девор сохтани лухтакҳоро аз соя омӯзонед. Ин хеле шавқовар мебошад, махсусан агар Шумо тавасуути лухтакҳои соягӣ ҳикоя эҷод намоед. Дигар бозиҳоро бо фонусча бозӣ кунед: масалан, оё кӯдаки Шумо ба давраи рӯшноӣ аз фонусча оянда парида метавонад? Оё ӯ метавонад ба он дар чунин баландӣ бо дастонаш расад?
Шумо метавонед кӯдакони синни томактабии калонсолро бо алифбои Морзе шинос намоед ё ин ки як ҷашнии рақсиро бо фонусчаи даргирон барпо намоед.
 
13 2 рузи 13
 
Рӯзи 13. Боз як машғулияти ҷолибе, ки волидайн ва парасторон бо кӯдакони худ дар хона бозӣ карда метавонанд ин бозиҳои халқӣ ё анъанавӣ мебошад. Чи қадаре ки қулай он ба назар нарасад, ин бозиҳо ба майнаи сари кӯдакон, инчунин саломатии ҷисмонии онҳо мусоидат менамояд.
Кӯдакон дар ин рӯзҳо шояд зиёд оиди бозиҳои халқӣ, ки мо дар давраи кӯдакӣ бозӣ мекардем надонанд. Бинобар ин ин ҳафта-имконияти хуб барои ба ёд овардани кӯдакиятон ҳамроҳи кӯдаконатон аст.
 
 14 3 рузи 14
 
Рӯзи 14. Биёед математикаро меомӯзем! Бо истифода аз чӯбчаҳои ҳисобкунӣ, ки Шумо метавонед дар хона пайдо кунед, ба монанди чӯбаки хӯрокхурӣ ва ё наи нӯшобахӯрӣ, ба кӯдакон ҳисобкунӣ ва ҳалли масъалаҳои одии математикиро омӯзонед.
Қоғазҳои худро тавассути кашидан ва омода намудани шаклҳои оддӣ ба монанди секунҷаҳо, доираҳо ва чоркунҷаҳо дар андозаҳои гуногун аз нав истифода баред. Баъдан кӯдакони Шумо метавонанд аз онҳо расми хонаҳо ё мошинҳо созанд.
 
 15 2 рузи 15
 
Рӯзи 15. Мо боз як машғулияти ҷолибро пешниҳод менамоем, ки волидайн ва кӯдакон ҳангоми ҳафтаи ҷавоб будан аз мактаб бинобар хуруҷи #коронавирус дар ин ҳафта метавонанд иҷро намоянд-ин лоиҳаи таҳияи навори хурд бо қадамҳои қулай:
Қадами 1: Бо кӯдакон мавзӯъҳое, ки онҳо расмашонро кашида метавонанд муҳокима намоед. Масалан, фаъолияти рӯзонаи кӯдак ё афсона; Қадами 2: Бо кӯдакон расм кашед;
Қадами 3: Наворро барои нақл кардани ҳикоя сабт намоед. Ин наворро ҳамчун намуна тамошо кунед.
 
 
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal