МЕНЮ
ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 март Рӯзи Модар эълон гардид. Президенти мамлакат дар ин бора 6 марти соли 2009 фармон ба имзо расониданд.
Ҳамасола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Модар бо бонувони фаъоли мамлакат мулоқот намуда, онҳоро бо ин рӯз табрик менамоянд.
|
7
марти
2020
|
Рӯзи 6 марти соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба «Рӯзи Модар» мизи мудаввар баргузор гардид.
|
7
марти
2020
|
Модарону бонувони азиз!
Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.
|
6
марти
2020
|
ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 март дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон Конфронси байналмилалии «Занон дар политсия» ҷараён дошта, дар он 275 нафар кормандзанони полис аз 11 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
ДУШАНБЕ, 02.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 28 сол пур мешавад. Маҳз 2 марти соли 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ тибқи қатъномаи 46/224 Тоҷикистон чун мамлакати соҳибистиқлол ба узвияти СММ ҳамроҳ гардид. Дар давраи начандон дарози узвият Тоҷикистон дар созмони мазкур 4 ташаббуси ҷаҳонии марбут ба обро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон гардонид. Пешниҳоди ин ташаббусҳо имкон дод, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷанбаи экологии об бештар гардад. Дар робита ба нақши Тоҷикистон дар татбиқи иқдомҳои ҷаҳонии марбут ба об ва саҳми Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳалли мушкилоти экологии мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА бо намояндаи доимии БР СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа МЕҲТА мусоҳиба анҷом дод.






