ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

2
июни
2020

Маркази миллии тестӣ: Семинарҳои омӯзишӣ барои тренерон оғоз шуданд

ДУШАНБЕ, 01.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2020 оғоз кард.
 
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинарҳои омӯзишӣ 1-2 июн барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №6 и ш.Душанбе) бо иштироки 14 нафар шунавандагон гузаронида мешаванд. 2-3 июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (дар муассисаи таълимии гимназияи № 1 и ш.Хуҷанд) бо иштироки 12 нафар шунаванда ва 3-4 июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №12 и ш.Бохтар) бо иштироки 13 нафар шунаванда ва барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №51 и ш.Кӯлоб) бо иштироки 10 нафар шунавандагон доир мегарданд.
 
Ҳадаф аз баргузории семинарҳои омӯзишӣ омода кардани тренерон барои таълим ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, аз ҷумла, роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурон ва маъмурони калон, инчунин бақайдгирандагони марказҳои имтиҳонӣ аст. Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ дар баробари тренерон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории Марказ ҷалб карда мешаванд.
 
Соли равон дар заминаи 48 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд.  Ҷиҳати ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ барои тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон омода карда шудаанд. Пас аз ду рӯзи машғулиятҳо ба шунавандагон дар асоси дарсҳои гузашта саволномаҳо пешниҳод мегарданд. Дониш ва маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ гардида, аз байни онҳо 33 нафар ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal