МЕНЮ
2
июни
2020
|
Боздид аз Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Рӯзи 1 июн дар саросари ҷаҳон Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади табрики кӯдакон-тарбиятгирандагони Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи ҳуқуқи онҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳабибуллозода Раҷабмо Ҳабибулло рӯзи 1 июни соли ҷорӣ аз муассисаи мазкур боздид ба амал овард.
Зимни боздид Ҳабибуллозода Раҷабмо сараввал бо роҳбарият ва ҳайати кормандони муассиса суҳбат доир намуда, сипас бо кӯдакон вохӯрд. Зимни сӯҳбат Ваколатдор тарбиятгирандагони муассисаро бо Иди байналмилалӣ табрик намуда, ба онҳо дар бораи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, стандартҳои мавҷудаи миллӣ ва байналмилалӣ ва таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон, хусусан ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакону ҷавонон сӯҳбати судманд намудаанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тамоми кӯшишу ғайрат бояд ба он равона карда шавад, ки кӯдакон аз муассисаи мазкур бо як тафаккури солим, донишу малака ва касбу хунар ба ҷомеа ворид гардад, чунки кӯдакон ояндаи давлату миллати мо ҳисоб мераванд.
Дар муассисаи мазкур 35 тарбиятгиранда қарор доранд. Барои кӯдакон тамоми шароити зарурии моддиву маишӣ муҳайё карда шудааст. Муассиса бо духтур ва равоншинос низ таъмин мебошад.
Ҷиҳати ҳифзи саломатии кӯдакон-тарбиятгирандагони муассиса ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус – COVID – 19 чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамарӯза корҳои безараркунии тамоми иншоотҳои муассиса саривақт гузаронида мешавад.
Тарбиятгирандагони муассиса бо тавсияҳои мутахассисон оид ба риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиении шахсӣ, омилҳои пешгирикунандаи пахншавии бемории сироятии COVID – 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ аз лавҳаҳои ахборотӣ (плакатҳо), ВАО ва корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, ки аз ҷониби кормандони масъули муассиса мунтазам гузаронида мешаванд, хабардор мебошанд. Ба тарбиятгирандагон фаҳмонида шуд, ки барои пешгирии сироятёбӣ ба ин беморӣ тавсияҳои мутахасисонро оид ба риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенаи шахсиро риоя намудан зарур аст.
Зимни боздид барои кӯдакон микдори муайяни воситаҳои пешгирикунанда, аз қабили ниқоб ва махлулҳои антисептикӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳамчунин ба тарбиятгирандагон ва кормандони муассиса Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, Маърӯзаи ВҲИ ва ВҲК барои соли 2019 ва дигар санадҳо тақдим карда шуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати ҳамроҳонаш аз вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагон ва шароити будубошти онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Умуман дар муассиса дар доираи имкониятҳои мавҷуда шароити хуб муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла, рахтҳои хоб, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ буда, майдончаи варзишӣ, саҳни хавлии муассиса бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шудааст. Азнавсозии ошхонаи муассиса дар рафти анҷомёбӣ қарор дорад.
Ваколатдор бо як қатор тарбиятгирандагон сӯҳбатҳои як ба як доир намуд. Онҳо бо шароити таълиму тарбия изҳори қаноатмандӣ намуданд. Тарбиятгирандагон иброз намуданд, ки пас аз адои ҷазо бо риояи қатъии қонун ба халқу ватани азизамон Тоҷикистон содиқонаю софдилона хизмат хоҳанд кард.