Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои кӯдакону наврасон баҳри фароҳам сохтани шароит ҳама сола бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ талош намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон чораҳои зарурӣ меандешад. Далели гуфтаҳои боло муқаррароти қисми якуми моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор додааст. Дар асоси ин меъёри конститутсионӣ, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд, ба уҳдаи давлат масъулияти зиёдеро мегузорад. Ин масъулият аз андешидани устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии модарӣ, ҳимояи манфиатҳои аъзои оила, аз ҷумла модару кӯдак ва муҳайё кардани шароит ҷиҳати инкишофи кӯдакон равона карда шуда, амалишавии ҳуқуқи оилавиро кафолат медиҳанд. Меъёри конститутсионии мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳуқуқи миллӣ муқаррароти як қатор санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак соли (1989), Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли (1948), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ соли (1966) ва ғайраҳо татбиқ шудаанд.
Дар моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаи 10 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оила ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият эътироф шуда, ҳифзи ҳуқуқи модару кӯдак, шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оила пешбинӣ шудааст. Ба ҳимояи махсус фаро гирифтани кӯдакон ва наврасон, истифодаи меҳнати онҳо дар соҳае, ки ба ахлоқ ва саломатии онҳо зарар мерасонад ё барои ҳаёти онҳо хатарнок аст ё метавонад ба инкишофи мӯътадили онҳо зарар расонад, аз ҷумлаи дигар шаклҳои дастгирии иҷтимоии оила мебошад.
Инчунин моддаи 25 Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҳимояи иҷтимоии баробар бархурдор будани ҳамаи кӯдакон, навобаста аз он, ки дар ақди никоҳ ё ғайри он таваллуд шудаанд, муқаррар шудааст.
Қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқҳои аъзои оила нақши муҳимро мебозад. Мустақилияти оила дар қабули қарорҳо оид ба инкишофи худ, авзалият доштани манфиати кӯдакон, баробарии мардон ва занон дар тақсими уҳдадориҳои оилавӣ, раво набудани дахолати беасос дар корҳои оила оилавӣ ифода ёфта сиёсати давлатро нисбат ба ҳимоя ва таҳкими оила муаян мекунад.
Дигар чораҳои ҳуқуқие, ки ба ҳимояи модар ва кӯдак дар қонунгузории меҳнатӣ пешбинӣ гардидааст, ин рухсатӣ вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак барои занони бо фаъолияти меҳнатӣ машғул буда мебошад, ки аз ҷониби қонунгузории меҳнатӣ пешбинӣ гардидааст. Ин рухсатиҳо на танҳо манфиатҳои модар ва кӯдакро дар назар дорад, балки то андозае ҳамчун ҷуброни паст шудани даромади оила бинобар сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд низ эътироф мешавад. Давомнокии рухсатӣ, кумакпулиҳое, ки ҳангоми рухсатӣ дода мешаванд, ҳуқуқи баъди аз рухсатӣ баромадан ба ҷои кори пештара баргаштан аз омилҳои муҳими дастгирии иҷтимоии модару кӯдак ба ҳисоб мераванд.
Тибқи моддаи 164 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон рухсатӣ аз рӯи ҳомиладорӣ ва таваллуд 70 рӯзи тақвимӣ баъди таваллуд бо пардохти кумакпулӣ аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ дода мешавад. Дар сурати душвор гузаштани таваллуд рухсатии баъди таваллуд 86 рӯз ва дар ҳолати 2 ва зиёда кӯдакон 110 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад. Моддаи 165 ҳамин кодекс муқаррар мекунад, ки рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак ба мӯҳлати якуним сол баъд аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан ба у дода мешавад. Ин намуди рухсатӣ пардохти кӯмакпулиро низ дар назар дорад.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мавридҳои ҳимояи модару кӯдак баъзе муқарраротро ҷой намудааст. Масалан, моддаи 1 таҳти муҳофизати давлат қарор доштани оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдак зикр мешавад. Инчунин моддаи 17 ҳамин кодекс намегузорад, ки шавҳар ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кӯдак бе ризоияти зан ба суд оиди бекор намудани ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд. Чунин маҳдудкунии ҳуқуқи шавҳар танҳо бо мақсади ҳимояи саломатии зан ва тифли навзод пешбинӣ шудааст ва ба принсипи конститутсионии таҳти ғамхории давлат қарор доштани модару кӯдак мувофиқат мекунад. Тибқи қисми 1 моддаи 57 Кодекси оила кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ, дорад. Ё худ тибқи қисми дуюми ҳамин модда ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ, ва манфиатҳои қонунии кӯдак, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо аз ҷониби волидайн оид ба тарбияву таълими кӯдак ё суиистифода аз ҳуқуқҳои падару модарӣ кӯдак ҳуқуқ, дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни 14-солагӣ ҷиҳати ҳимоя ба суд муроҷиат намояд. Ғайр аз ин, мукаррароти моддаи 63 Кодекси оила волидайнро уҳдадор мекунад, ки барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, дар бораи саломатӣ, вазъи ҷисмонӣ, ҳолати руҳӣ, ҷараёни таълим ва касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.
Инчунин Кодекси оила меъёрҳоеро вобаста ба масъалаҳои маҳрум кардани ҳуқуқҳои падарӣ ва модарӣ муайян намудааст. (моддаҳои 69-70). Созишнома оид ба пардохти алимент (моддаҳои 100-105) ва индексатсияи андозаи алимент (моддаи 106), инчунин ҳуқуқҳои фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент (моддаи 86) низ аз ҷумлаи чунин меъёрҳо мебошанд. Дигар меъёри конститутсионӣ, аз ҷумла, қисми дуюми моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ки "падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои таъмини падару модар масъуланд". Ин меъёр чунин маънӣ дорад, ки ҳам падару модар дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандон ва фарзандон барои нигоҳубини волидайн дар айёми пиронсолӣ ва корношоямиву эҳтиёҷмандӣ масъулият ва ҷавобгарии баробар доранд. Вазифаи муҳимтарини оила муҳаё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадил ва тарбияи ҳамаҷонибаи атроф аст ва ин вазифа, пеш аз ҳама, ба уҳдаи волидайн гузошта мешавад. Аз ин ру, падару модарон дар тарбия ва таълими фарзандон ва таъминоти ҳамаҷонибаи онҳо масъулият доранд.
Ҳуқуқи иштирок дар ҳалли масъалаҳои тарбияи фарзандон асосан дар шаклҳои зерин ба амал бароварда мешавад: тарбияи ҳаматарафаи фарзандон, додани ному насаб ба фарзандон ва гайра. Аз ин сабаб барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар тамаддуни ориёӣ оилаву оиладорӣ як рукни муқаддаси ҷомеа мансуб ёфта, тарбияи руҳиву ҷисмонии фарзандон дар чорчубаи оила танзин мешуд. Эҳтиром кардани волидайн ва кумаки иҷтимоӣ ба модарони серфарзанд арзишҳое мебошанд, ки ҳануз дар китоби муқаддаси аҷдодиамон- "Авасто" ҳазорҳо сол пеш зикр шуда буд.
Ёрдамчии муовини Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳ. Давлатов