ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

8
майи
2019

Дар асоси ҳамкориҳои судманд бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия рӯзи 7 майи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. бо мақсади шиносоӣ аз вазъи ҳуқуқи кӯдакон, ки дар якҷоягӣ бо модарони маҳкумшуда дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8 СРИҶҶ ВА ҶТ нигоҳдорӣ мешаванд, боздид ба амал овард.

3
майи
2019

ДУШАНБЕ, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мамлакати ҷангзадаи Ироқ ба Ватан баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик, ки чанде пеш сурат гирифт, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфт.

2
майи
2019

Субҳи 2 майи соли равон Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб, ки айни замон макони зисти кӯдакон гаштааст, ташриф оварда, аз аҳволи онҳо аз наздик шинос шуд.

1
майи
2019

Санаи 30 апрели соли 2019 Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ дар пешвозгирии 84 нафар ноболиғи аз Бағдод ба Тоҷикистон баргардонидашуда иштирок намуд.

30
апрели
2019

30.04.2019 23:55, шаҳри Душанбе
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Омодакунандаи сомона DarAmal