27
июни
2019
|

Рӯзҳои 24-25 июни соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Машваратҳои сеюми минтақавии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ., муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва иттилоотӣ – Бобохонов С. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев А. иштирок намуданд.
25
июни
2019
|

Барномаи таълимДар доираи амалисозии банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи сеюми (солҳои 2019-2020) Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 рӯзҳои 17-22 июни соли 2019 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои омӯзишии дурӯза гузаронида шуданд.

Бо чунин унвон рӯзи 12 июн соли ҷорӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак» мизи мудаввар баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 01.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Точикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» таҷлил гардида, бахшида ба ин сана дар саросари мамлакат маҳфилҳои зиёди илмиву фарҳангӣ, барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳо, чорабиниҳои варзишӣ доир мегарданд.