13
декабри
2019
|

Дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва амалисозии банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи сеюми (солҳои 2019-2020) Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 рӯзҳои 9-12 декабри соли 2019 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои омӯзишии дурӯза гузаронида шуданд.

Дар доираи таҷлили ҷашнҳои 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Рӯзи байналмилалии маъюбон ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон рӯзи 6 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” вохӯрии Раҷабмо Ҳабибулозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯдакон ва наврасони фаъол баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестини низ иштирок намуд.
4
декабри
2019
|

Рӯзи 4 декабри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои кӯдакона» мизи мудаввари баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҷабмо Ҳабибулозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, раисон ва котибони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, Хазинаи кӯдакони СММ ва рӯзноманигорони ватанӣ иштирок намуданд.
3
декабри
2019
|

Бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3 декабри соли 2019 дар доираи таҷлили ҷашнҳои 30-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон вохӯрии кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Раёсати ҳуқуқҳои кӯдаки ВМИ ҶТ бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.