МЕНЮ
20
марти
2020
|
Дар озмуни вилоятии «Ватанпарвар» дастаи ноҳияи Шуғнон пирӯз шуд |
ХОРУҒ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар қисми низомии 01123, мустақар дар шаҳри Хоруғ даври ниҳоии озмуни «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ниёзмамад Мамадёзов гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур — ин дар дили наврасон бедор кардани ҳисси ватандорӣ, ҳимояи марзу буми ватан ва ба хизмати Модар-Ватан омода кардани насли наврас мебошад. Дастаҳо аз рӯи шартҳои сафороӣ, гузашти низомӣ, тарбияи бадан, аз ҳам ҷудо ва пайваст намудани силоҳи худкори Калашников, ба рӯ кашидани ниқоби газӣ, бандкашӣ, гурзбардорӣ ва таҳияи варақаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ сабқат карданд.
Дастаи мунтахаби ноҳияи Шуғнон дар иҷрои ҳамаи шартҳо нисбат ба ҳамсолони худ бартарӣ нишон дод. Таваҷҷуҳи ҳакамонро аз ҳама бештар мазмуну моҳият ва ороиши варақаи ҳарбӣ-ватанпарварӣ ба худ ҷалб кард. Ба гуфтаи ҳакамон, ба таҳияи варақаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар қисмҳои низомӣ ҳам ҳайати фармондеҳӣ ва ҳам сарбозону афсарон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Зеро ин варақаҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, ва нангу номуси ватандорӣ нақши муассир доранд.
Ҳакамон аз миёни афсарони ин қисми низомӣ интихоб шудаанд. Онҳо ба малакаву маҳорати наврасон баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки дар симои ин наврасон дар оянда сарбозону афсарони босаводу боирода ва далеру фидокорро мебинанд.
Ҳамин тариқ, ҷои аввал насиби дастаи мунтахаби ноҳияи Шуғнон гардид. Ба ғолиби озмуни вилоятӣ ифтихорнома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ супурда шуд. Ҷои дуюму сеюмро дастаҳои ноҳияи Роштқалъа ва ноҳияи Рӯшон ишғол намуданд. Ҳарду даста низ бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гаштанд.
Бо ҳамин озмуни вилоятии «Ватанпарвар» анҷом ёфт ва дастаи ғолиб ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст овард. Ҳайати фармондеҳии қисми низомии 01123 ва намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят изҳори умедворӣ намуданд, ки дастаи ғолиб дар озмуни ҷумҳуриявӣ низ аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон дода, дар мақоми ифтихорӣ ҷой мегирад.