МЕНЮ
20
марти
2020
|
Табрикот бо фарорасии Навруз |
Ҳамватанони азиз!
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният намоем.
Бо фарорасии Наврӯз фасли баҳорон, бедории табиат, қолини сабз пӯшидани кӯҳу саҳрои бекарони кишвар, кишту кори баҳории марди деҳқон оғоз меёбад ва он бо як шукуҳу шаҳомати хоса аз ҷониби сокинони мамлакат ҷашн гирифта мешавад ва бо дастурхони файзбори худ дар қалбҳо маъво мегирад.
Боиси хушнудӣ аст, ки бо саъю кӯшишҳои пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои оромию осудагӣ, серию пулӣ ва ваҳдати миллӣ пешвоз мегиранд.
Садои Наврӯз ҳар соли навбатӣ баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз – мардуми моро сарбаланд ва шуҳратёр мегардонад.
Дар соли нави аҷдодӣ ба Шумо сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем.
Бо камоли эҳтиром,
роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон