МЕНЮ
27
феврали
2020
|

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.Аз 12 то 14 марти соли 2020 дар маҷмааи «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия Кумитаи рушди сайёҳӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ зери шиори «Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ» дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2020» муаррифӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз ба муносибати 20-солагии рӯзи таъсиси Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт. Ҳамчунин дар ин макони ифтихорӣ ва рӯзи хотирмон беш аз 150 нафар хонандагони фаъоли пойтахт дар вазъияти тантанавӣ баъди қабули савганд ба сафи Созмони мазкур аъзо гардиданд.

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
24
феврали
2020
|

22.02.2020, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Мардуми шарифи Тоҷикистон фардо санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.
24
феврали
2020
|

ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.22 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.