МЕНЮ
2
апрели
2020
|

ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» ба кор оғоз намуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат аз оғози рӯзи аввали Фестивали мазкур гузориш медиҳад.

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо бардошт аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади рушд додани тафаккури техникии насли наврас миёни онҳо экскурсияҳо, вохӯриҳо ва дарсҳоро бо иштироки олимони маъруфи Институт ташкил намоянд. Инчунин онҳоро бо фаъолияти расадхонаҳои Институт шинос намуда, ба воситаи телескопҳо осмони ситоразорро нишон медиҳанд. Ин матлабро директори Институти астрофизикаи АМИТ, д.и.ф.-м, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра ҚОҲИРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
23
марти
2020
|

ДУШАНБЕ, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бошукуҳу байналмилалии Наврӯз ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд.

22.03.2020, шаҳри Хуҷанд
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии ҷашни Наврӯзро, ки имсол даҳумин солгарди ҷаҳонишавии ин ойини бостонӣ мебошад, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла хурду бузурги мардуми сарбаланди вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони чорабинии ҷашнии имрӯза самимона табрик мегӯям.

25.03.2020, ноҳияи Спитамен
Устодони муҳтарам,
падару модарон ва фарзандони азиз!
Пеш аз ҳама, шумо — ширкаткунандагони ҷамъомади имрӯза, кормандони соҳаи маориф ва кулли сокинони ноҳияи Спитаменро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки муътабартарин ойини ниёгони мо ва беҳтарин маҳсули тафаккури бузургони тамаддунсозамон мебошад, самимона табрик мегӯям.