ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

12
майи
2020

ДУШАНБЕ, 09.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи панҷ соли Ҷанги  бузурги ватанӣ (1941-1945) ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  646 ҳазору 302 нафар ташриф оварда, 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд. Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.

8
майи
2020

08.05.2020, шаҳри Душанбе
 
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!
 
Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ — 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.
 
Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам.

5
майи
2020

ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарори дахлдор қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

1
майи
2020

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи таътил тариқи барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» дарсҳо гузаронида мешаванд ва хонандагон метавонанд аз онҳо истифода намуда, аз барномаи таълими мактабӣ дур намонанд. Ҳарчанд дар давраи таътил хонандагон аз дарсҳо дур бошанд ҳам,  омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Ин матлабро   сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз намуд.

1
майи
2020

ДУШАНБЕ, 01.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олимпиадаҳои номӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе соҳиби 119 ҷойи ифтихорӣ — 26 медали тилло, 30 медали нуқра ва 63 медали биринҷӣ, вилояти Суғд 99 ҷойи ифтихорӣ — 15 медали тилло, 30 медали нуқра ва 54 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон 81 ҷойи ифтихорӣ — 8 медали тилло, 24 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32 ҷойи ифтихорӣ — 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ ва ВМКБ 13 ҷойи ифтихорӣ — 3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Даври ҷумҳуриявӣ рӯзҳои 18 ва 19 апрели соли равон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Омодакунандаи сомона DarAmal