МЕНЮ
23
апрели
2020
|

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Муасисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Маркази таҳсилоти фосилавӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ифтитоҳи маркази мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, намояндагони тамоми сохторҳои вазорат ваустодону хонандагон иштирок намуданд.

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳайати ҳакамон ва омӯзгорону донишҷӯён даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин дар шаҳри Душанбе озмуни лоиҳаи экологӣ барои мактаббачагон оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, лоиҳаи омода намудаи худро муаррифӣ ва пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ маъруф ба Одамушуаро (858-941, Панҷрӯд, Мовароуннаҳр) - бунёдгузори адаби форсӣ, нахустин шоъири машҳури порсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён аст.

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби наверо бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» нашр намуд. Китоби мазкур аз ҷониби кормандони ҷавони марказ Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов таҳия гардидааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилоти Суғд иттилоъ медиҳад.