МЕНЮ
17
июли
2020
|
Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак |
Рӯзи 9 ва 10-уми июли соли 2020 дар доираи Барномаи амали мақомот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ – Нидоев Ҳ., муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак – Низомов А. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Салихов З. ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи будубоши маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Норак боздид ба амал овард.
Зимни боздид дар баробари шиносоӣ шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон гурӯҳи корӣ аз боғчаи муассисаи ислоҳӣ низ дидан намуданд. Дар боғчаи муассиса 3 нафар кӯдакони то синни се сола, ки модаронашон дар муассисаи мазкур адои ҷазо менамоянд, қарор доштанд. Барои кӯдакон дар боғча тамоми шароитҳои зарурии моддиву маишӣ муҳайё карда шудааст.
Гурӯҳи корӣ бо модарони бо фарзандонашон дар боғча буда, вохӯрӣ намуда, аз шароити буду бош ва муносибати кормандон ба онҳо суҳбат доир намуданд. Дар рафти суҳбат маҳкумшудагон аз шароит ва муносибат изҳори қаноатмандӣ намуданд.