МЕНЮ
17
июли
2020
|
Дар шаш моҳ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 282 муроҷиати хаттӣ ворид шуд |
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 282 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардидааст, ки талаботи аксари онҳо қонеъ гардонида шуданд. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҳузури намояндагони ВАО изҳор дошт.
Таъкид гардид, ки муроҷитаҳои воридгардида бештар фарогири масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ба манзил, вазъи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар мақомотҳои муҳофизатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва дигар мавзӯъҳои ба ин самт дахл дошта буданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки муроҷиатҳое, ки ба дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон ҳамарӯза ворид мегарданд, расман ба қайд гирифта шуда, ба ҳамаи онҳо сари вақт тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ ҷавоб гардонида мешавад.