МЕНЮ
26
июни
2020
|

26.06.2020, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
25
июни
2020
|

ДУШАНБЕ. 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи Ирам ҳамоиши ҷавонони фаъол таҳти унвони «Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мувофиқи нақшаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 19 июни соли 2020 кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дасгоҳи ВҲИ дар самти вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд.

Рӯзи 22 июни соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Раҷабмо бо ҳайати муштараки Дафтари СММ оид ба маводҳои мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), Дафтари зиддитерористии СММ (UNOCT) ва Маркази мубориза бо терроризми СММ (UN-CTC) тариқи бархат (онлайн) мулоқот намуд.

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ 17 июн бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок намуд.