МЕНЮ
25
апрели
2020
|
Хабар аз натиҷаи боздид аз Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе |
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомов А.Б. рӯзи 23 апрели соли 2020 бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон аз Мактаби махсуси ҷумҳуриявии ш.Душанбе дидан намуданд.
Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, таъминоти онҳо бо маводҳои таълимӣ, ғизо ва хобгоҳ, таъминот бо маводи муҳофизати инфиродӣ ва безараргардонӣ, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, ҳамчунин бо шароити кори худи кормандони муассисаи мазкур аз наздик шинос шуд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо роҳбарият ва кормандони муассиса вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон, сабабҳо ва тартиби ба мактаби махсус равон кардани кӯдакон, шароити нигоҳдорӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таъминот бо ғизо, муносибат бидуни зӯроварӣ, муошират бо хешовандон суҳбатҳо гузаронид.
Инчунин Ваколатдор бо хонандагон дар алоҳидагӣ сӯҳбат гузаронид. Аз суҳбат бо хонандагон маълум гардид, ки муаллимон бо онҳо муносибати хуб доранд. Онҳо аз устодон ва тарзи таълимдиҳии онҳо розӣ буданд ва касе аз вайрон шудани ҳуқуқҳояш шикоят надошт. Ҳамзамон барои беҳтар намудан ва баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи меҳнатии хонандагон маҳфилҳои махсус, аз ҷумла “Музадӯзӣ”, “Технологияи иттилоотӣ” ва “Хӯрокпазӣ” амал менамоянд. Инчунин ҳангоми сӯҳбат ба кӯдакон оид ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва тартиби муроҷиат ба ӯ маълумот дода шуд.
Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони осебпазир, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, уҳдадории кормандони муассиса ва масъулияти падару модарон маълумоти муфассал дод.
Роҳбарият ва кормандони Мактаби мазкур ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои зоҳир намудани таваҷҷӯҳ нисбати кӯдакон, муаллимон, ҳамкориҳои минбаъда ва тавсияҳои ироашуда изҳори миннатдорӣ баён карданд. Дар навбати худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори сипос намуд.