ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

16
сентябри
2019

Тибқи супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 сентябри соли 2019 сардор ва сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов А.М. ва Маҷидов П.Б. дар Конференсияи дуюми минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба фардият ва пешгирии бешаҳрвандӣ дар мавзӯи “Ҳеҷ кас набояд ҳангоми таваллуд фаромӯш шавад” дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.

22
июли
2019

Тибқи даъвати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 июли соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба” иштирок намуданд.

18
июли
2019

Имрӯз дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардид.

16
июли
2019

Рӯзи 18 июли соли 2019 соати 1100 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор мегардад.

3
июли
2019

Санаи 2 июли соли 2019 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода Роҳбар – Гузоришгари Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавии иҷборӣ ва беихтиёрӣ ҷаноби Бернард Дуҳайм ва ҳайати ҳамроҳонашро қабул ва мулоқот намуд.

Омодакунандаи сомона DarAmal