МЕНЮ
27
феврали
2020
|
26 феврали соли 2020 дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид |
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷараёни тадбирҳои омодагии ҷониби Тоҷикистон ба баргузории Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои солҳои 2020-2022 баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналамилалии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу экология тавонист давоми ду даҳсолаи охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масъалаҳои марбут ба обу экология ҷалб намуда, дар баробари ин дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе як зумра чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию ҷаҳониро ташкил ва баргузор намояд.
Дар ҷаласа аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулони дахлдор вазифадор гардиданд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии ҳамаҷониба гузаронидани Конефренсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе ва иҷрои уҳдадориҳои мамлакат дар давраи раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки 29 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид. Раёсати фонди мазкурро солҳои 2020-2022 ҷониби Тоҷикистон ба уҳда хоҳад дошт.