МЕНЮ
13
феврали
2020
|
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бистуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ |
Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа!
Ҳозирини гиромӣ!
Баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ тавассути майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории бист ҷаласаи Шӯрои машваратӣ дар давоми 13 соли фаъолияти он, бешубҳа, ба вусъат бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар равона гардидааст.
Соли сипаригардида дар доираи татбиқи 300 рӯзи ислоҳот барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд, ки дар натиҷа нисбат ба соли 2018 маблағгузории бахши хусусӣ ба сармояи асосӣ 10 банди фоизӣ (аз 13,5 фоизи соли 2018 то 23,3 фоиз дар соли 2019) афзудааст.
Боиси қаноатмандист, ки қарорҳои ҷаласаи 19-уми Шӯрои машваратӣ, дар маҷмӯъ, татбиқ шуданд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба супоришҳои протоколии Шӯро ва нақшаи чорабиниҳое, ки қабул мешаванд, ҷиддӣ муносибат намоянд ва ҳангоми мувофиқасозии онҳо пешниҳодҳои бахши хусусиро ба эътибор гиранд.
Дар баъзе мавридҳо мувофиқасозии нақшаҳои мазкур вақти зиёдро мегирад, ки ба татбиқи ислоҳот монеа мегардад ва моро зарур аст, ки чунин камбудиҳоро ҳарчи зудтар бартараф созем.
Зеро ислоҳот танҳо вақте самарабахш буда метавонад, ки пайдарҳам пеш бурда шавад ва ҳадафҳои пешбинигардида сари вақт амалӣ карда шаванд.
Татбиқи ислоҳоти босамар ҷиҳати соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва паст намудани хароҷоти соҳибкорон дар кишвар мақсади асосии нақшаҳои қабулгардида, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” барои солҳои 2019 — 2022 мебошад.
Ҳадафи ниҳоӣ он аст, ки соҳибкорону сармоягузорон таъсири мусбати ислоҳотро ба таври возеҳ бояд эҳсос намоянд.
Дар доираи идомаи ислоҳоти мазкур бо мақсади шаффоф, дастрас ва камхарҷ намудани ҷараёни гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаҳо дар соҳаи сохтмон дар шаҳри Душанбе низоми “Равзанаи ягона” таъсис дода шуд, ки он фаъолияти беш аз даҳ мақомоти дахлдори давлатиро вобаста ба баррасии муроҷиатҳо бо реҷаи мустақим ҳамоҳанг месозад.
Иқдоми мазкур имкон дод, ки намояндагони бахши хусусӣ дар ин самт 40 фоизи вақт ва беш аз 70 фоизи хароҷотро сарфа намоянд.
Тавре маълум аст, соҳибкорону сармоягузорон дар баъзе мавридҳо барои гирифтани қитъаи замин, иҷозат барои сохтмон ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ба мушкилиҳо дучор мегарданд.
Боиси нигаронист, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии иқдомҳои соҳибкорон ҳангоми гирифтани иҷозат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон супориш дода мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низоми “Равзанаи ягона”-ро оид ба гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмон ҳарчи зудтар таъсис дода, оид ба натиҷаи фаъолият дар ин самт ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот манзур намояд.
Бо мақсади муосиргардонии хизматрасонии давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозӣ кардани ҳуҷҷатгузории электронӣ, ки ба бартарафсозии таъсири омили инсонӣ ва монеаҳои сунъӣ дар расмиёти танзими давлатӣ мусоидат мекунад, таҷдиди назар намудани қонунгузорӣ оид ба таъмини ҳуҷҷатгузории электронӣ зарур мебошад.
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо то ба имрӯз бастаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия гардида, дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад.
Бояд зикр намуд, ки ташаккули ҳукумати электронӣ, соддагардонии расмиёти соҳибкорӣ ва дар ин замина таъмин кардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар аз такмили босифати заминаи қонунгузорӣ дар ин самт вобастагии амиқ дорад.
Бинобар ин, зарур аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон корҳоро оид ба ташаккули ҳукумати электронӣ тақвият бахшад.
Бо мақсади таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо бо супоришҳои протоколии Шӯро то имрӯз 69 шӯрои машваратии минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ таъсис дода шудааст.
Зарур аст, ки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ дар ин самт густариш дода шавад.
Бори дигар хотиррасон месозам, ки дар ин росто, усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ муҳим мебошад.
Зимни мулоқот бо кормандони соҳаи саноат дар Рӯзи соҳибкорон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намудам, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои бунёди иншооти истеҳсолӣ ҷоннок карда, ба онҳо дар пешбурди фаъолият ҳаматарафа мусоидат намоянд.
Хотирнишон менамоям, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба ҳисоб меравад.
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи фосилавии Шӯро баррасӣ гардида буд.
Бинобар ин, бори дигар таъкид менамоям, ки мақомоти маҳаллӣ бояд бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои мунтазам зиёд намудани сармоягузорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба таври доимӣ чораҷӯӣ карда, мунтазам ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот манзур намоянд.
Воқеан, ташкили рейтинги миллӣ ҳамчун низоми баҳогузории рушди иқтисодии маҳал ба баланд бардоштани масъулияти мақомоти маҳаллӣ, натиҷаҳои фаъолияти онҳо, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами идоракунӣ дар сатҳи минтақавӣ, арзёбӣ ва муайян намудани мушкилоти соҳибкорон, инчунин, идомаи ислоҳот мусоидат менамояд.
Иштироки ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар ин раванд имкон медиҳад, ки вазъи фазои соҳибкорӣ дар сатҳи маҳал ба таври воқеӣ инъикос карда шавад.
Ҳамчунин, дар баробари амалӣ намудани рейтинг андешидани тадбирҳо вобаста ба ҳавасмандгардонии минтақаҳо барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ зарур мебошад.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо Агентии омор, Кумитаи рушди маҳал, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати мунтазам гузаронидани арзёбии миллии фазои сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, натиҷаҳои рейтинги миллии фазои сармоягузориро дар кишвар муайян намоянд.
Ин, дар навбати худ, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҷиҳати беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, пайдо шудани рақобати солим байни минтақаҳо вобаста ба ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамзамон бо ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Котиботи Шӯрои машваратӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи арзёбии “Пешбурди соҳибкорӣ” дар сатҳи маҳал ба тариқи таҷрибавӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз рӯи якчанд нишондиҳандаи асосӣ, аз ҷумла бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои сохтмон, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ ва бақайдгирии молу амволи ғайриманқул чораҷӯӣ намоянд.
Мувофиқи мақсад аст, ки шарикони рушд дар ин самт ҳамкориро бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ, инчунин, ҷиҳати тавсеаи имкониятҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаҳои ҷалби сармояи хусусӣ, коҳиш додани сатҳи расмиёти бюрократӣ бо мақсади сарфаи вақт ва хароҷоти соҳибкорону сармоягузорон густариш диҳанд.
Қобили зикр аст, ки бахши хусусӣ дар татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 нақши муҳим дорад ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ омили асосии ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар ва рушди соҳибкорӣ ба шумор меравад.
Барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар истифодаи технологияҳои муосир, ки ба коркарди ашёи хоми ватанӣ, паст намудани талафоти истеҳсолӣ, сарфаи қувваи барқ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва дар ин замина таъмин кардани рақобатнокии истеҳсолоти ватанӣ нигаронида шудааст, зарур арзёбӣ мегардад.
Аз соли 2019 барои воридоти ашёи хом ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ гардидаанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ шароит фароҳам меоранд.
Соҳибкорону сармоягузорони моро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо истифода бурда, ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти техника ва технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок саъю талош варзанд.
Вобаста ба содда намудани расмиёти савдои хориҷӣ аз моҳи ноябри соли гузашта “Равзанаи ягона” дар бобати барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар шакли озмоишӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба коҳиш додани расмиёт имкон дода, барои иштирокчиёни амалиёти савдои хориҷӣ шаффофият ва сарфаи вақтро таъмин менамояд.
Вобаста ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Хадамоти гумрук ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати татбиқи пурраи низоми “Равзанаи ягона” чораҳои зарурӣ андешида, ба Ҳукумати кишвар ҳисобот манзур намоянд.
Инчунин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд низ корҳоро дар самти боз ҳам содда намудани расмияти ҳуҷҷатгузорӣ, аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ ва кам кардани хароҷоти зиёдатии соҳибкорону сармоягузорон тақвият диҳанд.
Муҳтарам аъзои Шӯро!
Ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон кишвари аграрию саноатӣ буда, ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани он яке аз ҳадафҳои стратегии мо мебошад.
Маҳсулоти кишоварзии дар мамлакати мо истеҳсолшаванда имкон медиҳад, ки дар баробари содирот намудани маҳсулоти хушсифат, инчунин, раванди коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва тиҷоратикунонии он бо татбиқи силсилаҳои ба ин раванд алоқаманд ҳарчи бештар фаъол гардонида шавад.
Яке аз роҳҳои амалисозии самти мазкур ташкил ва рушди занҷираи арзиши иловашуда то маҳсулоти ниҳоӣ дар бахши агросаноатӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки стратегияи дарозмуддати рушди иқтисоди миллӣ афзоиши рақобатнокии онро дар соҳаҳои анъанавӣ ва ба илм ниёзманд, баланд бардоштани сатҳи сармояи инсонӣ ва самаранокии меҳнат, рушди босуръати истеҳсолоти аз ҷиҳати технологӣ баланд ва ба заминаи асосии рушди иқтисодӣ мубаддал гардонидани омилҳои инноватсиониро талаб менамояд.
Рушди занҷираи арзиши иловашуда то маҳсулоти ниҳоӣ дар бахши агросаноатӣ метавонад ба беҳсозии таъмини аҳолии кишвар бо неъматҳои моддӣ, рушди мутавозини иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ тавассути роҳу усулҳои мукаммалтари ташкили идоракунии равандҳои хоҷагидорӣ мусоидат намояд, ки таҷрибаи байналмилалӣ ин равандро собит намудааст.
Бо дарназардошти муҳим будани ин масъала дар ҷаласаи нуздаҳуми Шӯрои машваратӣ супориш дода шуда буд, ки дар доираи гурӯҳи кории алоҳида масъалаҳои ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ баррасӣ гардида, ба ҷаласаи навбатии Шӯро тавсияву пешниҳодоти мушаххас манзур карда шаванд.
Дар ин замина лоиҳаи Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва рушди занҷираи арзиши иловашуда то маҳсулоти ниҳоии агросаноатӣ дар кишвар таҳия ва ба ҷаласаи имрӯза пешниҳод карда шудааст.
Бинобар ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ташкил ва рушди занҷираи арзиши иловашуда то маҳсулоти ниҳоии агросаноатӣ бо дарназардошти пешниҳодоти дар ҷаласаи имрӯза баёнгардида такмил дода, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Муҳтарам аъзои Шӯро!
Тавре дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда будам, мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,6 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардида, соли 2019 суръати рушди он 13,6 фоизро ташкил кард.
Вале нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди ислоҳот дар доираи саноатикунонии мамлакат зарур аст, ки ба нақши бахши хусусӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Ҳамзамон бо ин, соҳибкорону сармоягузоронро лозим аст, ки барои баррасӣ, таҳия ва манзур намудани пешниҳодот оид ба соҳаи мазкур бештар саъю талош варзанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Агентии содирот бояд якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – дарёфти бозори фурӯш” тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ супориш дода мешавад, ки бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои гузаронидани таҳлили зарурӣ ва таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба масъалаҳои иқтидори бахшҳои асосии соҳаи саноати кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода, натиҷаҳои онро ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ манзур созанд.
Дар хотима мехоҳам изҳори итминон намоям, ки татбиқи қарорҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро қабулгардида барои боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат менамоянд.
Бо ҳамин ҷаласаи бистуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро пӯшида эълон менамоям.
Ба ҳамаи аъзои Шӯрои машваратӣ ва шахсоне, ки дар кори ҷаласа фаъолона иштирок карданд, изҳори сипос мекунам ва ба шумо барори кор орзумандам.
Тансиҳату сарбаланд бошед!