Дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва амалисозии банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи сеюми (солҳои 2019-2020) Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 рӯзҳои 9-12 декабри соли 2019 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои омӯзишии дурӯза гузаронида шуданд.
Семинарҳои зикршуда аз ҷониби тренероне, ки дорои сертификати дахлдори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошанд, гузаронида шуданд.
Ба семинарҳои омӯзишӣ дар ҳар як ноҳия синафарӣ омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” ҷалб карда шуда, дар рафти семинарҳо онҳо бо маводи конселярӣ ва адабиёти соҳавӣ, ки ба фаъолияти ҳамарӯзаи омӯзгорон мусоидат мекунад, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар ва дигар маводи тақсимотӣ ройгон таъмин карда шуданд.
Зимни гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ тренерон аз роҳу усулҳои интерактивӣ, аз ҷумла кор дар зергурӯҳҳоро истифода бурда, ҷиҳати дар амалия васеъ истифода бурдани онҳо машғулиятҳои амалӣ гузарониданд. Дар машғулиятҳои амалӣ Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Қайдҳои умумии Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак оид ба таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон (соли 2001), Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар, Эъломияи Куруши Кабир ва дигар санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди омӯзиш ва муҳокимаи иштирокчиён қарор дода шуданд.
Ҳамзамон барои иштирокчиён оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуда, тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ онҳо метавонанд аз сомонаҳои ombudsman.tj, vhk.tj ва khit.tj васеъ истифода баранд. Қайд карда шуд, ки ҳар як шаҳрванд метавонад ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути суроғаҳо, телефонҳо ва почтаҳои электроние, ки дар сомонаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд, муроҷиат намояд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён фикру ақида ва пешниҳодоти худро оид ба масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Аз ҷумла онҳо ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гузаронидани чунин семинарҳо барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” дар шаҳру ноҳияҳо ва хусусан дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ саривақтӣ ва ба манфиати кор донистанд.
Содиқов А., Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон