ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Июл 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31 1 2 3 4

girl boy3

9
декабри
2019

Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо кӯдакон ва наврасони фаъол

 Дар доираи таҷлили ҷашнҳои 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Рӯзи байналмилалии маъюбон ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон рӯзи 6 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” вохӯрии Раҷабмо Ҳабибулозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯдакон ва наврасони фаъол баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестини низ иштирок намуд.

Дар чорабинии ҷашнӣ намояндагони кӯдакон аз муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият, волидон ва омӯзгорони онҳо ва намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.душ плаз

Дар ифтитоҳи вохӯрӣ масъулини чорабинӣ ҳозиринро бо ҷашнҳои фархунда табрику муборакбод намуда, таманниёти худро ба кӯдакон ва волидону омӯзгорони онҳо изҳор доштанд.

Сипас аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ викторинаи барои кӯдакон ҷолиби “Интихоб намо: ин ҳуқуқ аст ё уҳдадорӣ?” пешкаш карда шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои арзишманд қадр карда шуданд.душ плаэ 1

Бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани кӯдакон бо саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, фаъолияти ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак хонум Раҷабмо Ҳабибулозода дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

Сипас кӯдакон ба чор гурӯҳ тақсим шуда, оид ба ҳуқуқҳои алоҳидаи кӯдак муаррифӣ омода намуданд ва намояндагони ҳар як гурӯҳ муаррифии худро ба таваҷҷуҳи ҳозирин пешкаш намуданд. Аз ҷумла мавзӯъҳои “Ҳуқуқ ба таҳсил”, “Ҳуқуқ ба саломатӣ”, “Ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Ҳуқуқ ба иштирок” мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки муаррифиҳои кӯдакон бо айёниятҳо, яъне расмҳои кашидаи онҳо зебу зинат дода шуда буданд.

Зимни вохӯрӣ хонум Раҷабмо Ҳабибулозода ва ҷаноби Лучиано Калестини низ ба муҳокимарониҳои кӯдакон ҳамроҳ шуда, бо онҳо дар муҳити озоди кӯдакона саволу ҷавоб доир намуданд.душ 2

Дар интиҳо аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба чорабинии идона ҳусни анҷом бахшида шуда, ҳамаи кӯдакон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal