МЕНЮ

27 сентябр дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гурӯҳ ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.
29
сентябри
2021
|

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Анҷираки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии Маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд.
24
сентябри
2021
|

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.
Ҳамкорони гиромӣ,
9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо ҳодисаҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, рӯзҳои сангинро паси сар кард.
Хотима бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, таъмини сулҳу субот ва ҳамзамон бо ин, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои олам барои мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафтанд.
23
сентябри
2021
|

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик, дар Шаҳраки Баҳманрӯд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди истифода қарор доданд.
Таълимгоҳ тибқи нақша, дар масоҳати 2500 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 29 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои фаннӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, омодагии дифои ҳарбӣ иборат мебошад ва барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи мақомоти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025 моҳи сентяби соли 2021 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятими н. Ш. Шоҳин аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак бо ҷалби коршинос аз ташкилоти ҷамъиятии “Ҳаёт ва оила” мониторинг гузаронида шуд.