Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» дар самтҳои мухталиф чорабиниҳо мегузаронад.
Дар ин робита ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2023 бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва шарикони рушд, ки дар самти кӯдакон фаъолият мебаранд, санаи 12 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Атлас” мизи мудаввар баргузор гардид
.
Дар чорабинӣ М.Бобоҷонзода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, С.Шамсиддинов, масъули бахши ҳуқуқҳои кӯдаки Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро М.Бобоҷонзода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз бахшида, дастгириву иқдомоти муассири давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти қонунгузории амалкунандаро дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмин манфиатҳои беҳтарини кӯдакон махсус таъкид намуд.
Ҳамчунин намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ вобаста ба ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ ва роҳандозии иқдомҳои минбаъда дар соли 2023 суханронӣ намуда, пеш аз муҳлат омода ва пешниҳод намудани Гузориши даврии муттаҳидаи шашум ва ҳафтуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба татбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва протоколҳои иловагии он мусбат арзёбӣ намуд.
Дар мизи мудаввар кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои санҷишу мониторингҳо дар муассисаҳои кӯдакона, ки дар давоми соли ҷорӣ гузаронида шуда буданд, маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатӣ дар мавзӯъҳои: ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҳошияи таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Тоҷикистон маърӯзаҳо карда, оид ба дастовард, мушкилот ва дурнамои соҳа муҳокимаронӣ намуданд.