2 октябри соли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдачии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №98-и ноҳияи Синои ш. Душанбе боздид ба амал оварданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак зимни боздид бо роҳбари муассиса Судурова С. ва кормандон вохӯрда, аз фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххас дода, ҳамчунин аз ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб суҳбат намуда, ба ҳозирин дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон суҳбат намуд.
Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, шароити кори кормандон аз наздик шинос шуд.
Дар охир Ваколатдор ба кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассиса тавсияҳои дахлдор доданд.