ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

20
ноябри
2020

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон рӯзҳои 19-20 ноябр мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Р.Ҳ. бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 11, 55 ва 66 шаҳри Душанбе доир гардид.
 
             Зимни мулоқот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба хонандагон дар бораи таърихи қабули Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва аҳамияти он барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак маълумот дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки санади байналмилалии мазкур маҷмӯи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии (ҳуқуқ ба ҳаёт, ба шаҳрвандӣ, ба саломатӣ, ба донистани падару модар ва бархурдор будан аз ғамхории онҳо, ҳуқуқ ба муроҷиат, ба таҳсил, ба истироҳату фароғат,  озод будан аз муносибати бад, озодона изҳор намудани ақида ва дигарон) кӯдаконро дар бар гирифтааст, ки барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо заруранд. 
            Ҳамзамон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи ғамхориҳои давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак ёдрас шуда, қайд намуданд, ки эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, таъмини шароит барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. 
       Дар доираи вохӯрӣ барои хонандагони муассисаҳои зикргардида аз ҷониби кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Викторинаи “Ҳуқуқ ё ӯҳдадорӣ?” гузаронида шуд.  Хонандагон дар он фаъолона иштирок намуда, дониши хуб нишон доданд.
         Дар интиҳои вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак хонандагонро бо Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон табрик намуда, ба онҳо китобчаи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо”, ки аз ҷониби Ваколатдор  дар доираи фаъолият дар самти баланд бардоштани маърифатнокии кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо таҳия гардидааст, тақдим намуданд.
 
 
IMG 6427
 
IMG 6431
 
IMG 6434
 
IMG 6437
 
IMG 6441
 
IMG 6458
 
IMG 6459
 
 
IMG 6463
 
 
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal