ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

23
ноябри
2020

Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Принсипҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак»

Рӯзи 20.11.2020 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии қабули Конвенсияи Созмони миллали муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Принсипҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи  кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) иштирок ва суханронӣ карданд.
 
     Дар конференсияи мазкур мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода А. иштирок намуда дар мавзӯи «Механизми миллии ҳуқуқу озодиҳои инсон» маърӯза намуд. Ҳамзамон вобаста ба “Тартиби баррасиии муроҷиати кӯдакон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи  19.09. 2020 №72 тасдиқ гардидааст ва он раванди қабул, бақайдгирӣ, баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои кӯдакон, намояндагони онҳо ва дигар шахсонро аз ном ва ба манфиати кӯдакон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, изҳори ақида намуд.
     Рафти конференсия тариқи онлайн бо марказҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе гузаронида шуда, хонандагон вобаста ба рӯзи ҷаҳонии кӯдакон мубодилаи афкор намуданд.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal