ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

12
ноябри
2019

Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Хонаи кӯдакони № 2 шаҳри Душанбе

Дар доираи иҷрои вазифаҳои худ ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдаконе, ки дар Хонаи кӯдакони № 2 ш. Душанбе тарбия мегиранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ.санаи 12 ноябри соли ҷорӣ ба муассисаи мазкур боздид ба амал овард.
 
Зимни боздид Ваколатдор бо роҳбари муассиса ва мураббияҳо, ки бевосита бо таълиму тарбияи кӯдакон машғуланд, ҳамсуҳбат шуд. Суҳбат атрофи масъалаҳои таъмини манфиатҳои кӯдакон, эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои тарбиятгирандагони муассиса, шароити будубоши онҳо, муносибат бо кӯдакон ва дигар масъалаҳо  сурат гирифт. 
 4
Дар рафти боздид маълум гардид, ки айни ҳол дар муассиса 82 кӯдаки то синни 6 сола бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мутахассисони соҳибкасб аз рӯи барномаҳои қаблан тарҳрезишуда бо кӯдакон кор мекунанд.
 5
Шиносоӣ бо шароити нигоҳдорӣ нишон дод, ки дар муассиса шароити хуби санитарӣ ва моддиву маишӣ муҳайё аст. Муассиса ба системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст аст.Аз ин рӯ, ҳарорати ҳаво дар ҷойҳои хоби кӯдакон, утоқҳои бозии онҳо ва умуман дар муассиса ба талабот мувофиқ аст. Кӯдакон бо либосҳои мавсимӣ таъминанд. Ба онҳо 4 маротиба хӯроки гарм пешниҳод карда мешавад. Вазъи саломатии кӯдакон хуб буда, дар замони боздид ягон нафар кӯдак бемор набуд. Кӯдакон бо бозичаҳои ба синну соли онҳо мувофиқ ва дигар маводҳои барои инкишофи онҳо зарур таъмин шудаанд.
 7
Аз суҳбати  Ваколатдор бо кӯдакон маълум гашт, ки хотири онҳо хеле болида аст ва онҳо ба Ваколатдор шеърҳои аз бар намудаашонро қироат намуданд. 
 
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз натиҷаи боздид ва вазъи кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарият вобаста ба муносибати инфиродӣ ҳангоми кор бо тарбиятгирандагони муассиса тавсияҳои худро пешниҳод намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal