МЕНЮ
11
ноябри
2019
|
Баргузории чорабинии ҷашнӣ дар вилояти Суғд |
Рӯзи 8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ифтихори ҷашнҳои 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак чорабинии калони фарҳангиву фароғатӣ барои кӯдакон ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии идона, ки дар театри вилоятии “Суғдиён” баргузор гардид, зиёда аз 200 нафар кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият, мураббиён, омӯзгорон, кормандони Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ котиби Комиссияи вилоятӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак М. Ҳомидова ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ С. Шамсиддинов баромад намуда, ҳозиринро бо ҷашнҳои фархундаи миллӣ ва байналмилалӣ табрику муборакбод намуданд.Дар ин радиф сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Содиқов низ суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Сипас аз ҷониби ташкилкунандагон барои иштирокчиёни чорабинӣ бозиҳои шавқовар ва викторинаҳо вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак пешниҳод карда шуд, ки барои аҳли толор хеле ҷолиб буданд. Барои кӯдаконе, ки дар викторинаҳо фаъолона иштирок намуда, маърифати баланди ҳуқуқии худро нишон доданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Чорабинии идона бо барномаи калони консертӣ, ки аз ҷониби худи кӯдакон омода шуда буд, ҳусни анҷом ёфт. Дар консерт аз ҷумла кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва кӯдакони дорои маъюбият баромад намуда, ҳунару истеъдоди худро моҳирона нишон доданд.
Дар доираи чорабинии идона сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Содиқов бо рӯзноманигорони телевизиони вилояти Суғд ва телевизиони “Азия” мусоҳибаҳо доир намуд.
Дар интиҳо ташкилкунандагони чорабинӣ маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи ҳунарпешаҳои ҷавон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Чорабинӣ барои кӯдакон дар муҳити идона ва шавқовару гуворо баргузор гардид.