МЕНЮ
15
ноябри
2019
|
Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳаомҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнат бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак |
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Р.Ҳ. санаи 15 ноябри соли 2019 бо даъвати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳаомҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнат, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак баргузор гардид, иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард.
Нахуст, зимни баромади худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳозиринро бо иди миллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Сипас қайд гардид, ки 30 сол муқаддам, 20 ноябри соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардид, ки он ҳуқуқи кӯдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ намуд.
Мақсад ва ғояи асосии Конвенсия таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад, ки дар тамоми тадбирҳои вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак андешидашаванда бояд ба назар гирифта шавад.
Ҳамчунин Ваколатдор қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид ва дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ тибқи ин санад ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои пешгирии меҳнати маҷбурӣ ва вазнини кӯдакон аҳамияти хоса медиҳад.
Пеш аз ҳама дар сатҳи Конститутсия дар корҳои вазнин ва зарарнок истифода бурдани меҳнати кӯдакон манъ шудааст.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияҳои ТБМ №138 “Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан”, №29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ” ва №182 “Дар бораи манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон” - ро ба тасвиб расонида, қонунгузории худро ба талаботи стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ гардонид. Зиёда аз ин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014 №169 “Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати шахсони аз 18 сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо” ва аз 31 октябри соли 2014, №690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шакли бадтарини меҳнати кӯдакон барои солҳои 2015-2020” тасдиқ гардиданд.
Дар натиҷаи чораҳои дар ин самт андешидашуда сатҳи истифодаи меҳнати кӯдакон назар ба солҳои пешин ба маротибҳо кам шудааст.
Қайд гардид, ки мубориза бо меҳнати кӯдакон масъалаи вобаста ба рушд аст. Ҳадафи 8 ҲРУ "андешидани тадбирҳои фаврӣ ва самаранокро барои аз байн бурдани меҳнати маҷбурӣ, ғуломдории муосир ва савдои одамон, барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва то соли 2025 аз байн бурдани меҳнати кӯдакон"- ро пешбинӣ намудааст.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо рушди иқтисодиёти кишвар, баландшавии сатҳи зиндагии мардум, иҷрои уҳдадориҳои байналмиллалӣ дар ин самт метавонад мусоидат намояд. Дар натиҷаи ҳамкориҳои самараноки мақомоти давлатӣ бо шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ метавонем дар ин самт ба пешравихои бештар ноил гардем.