МЕНЮ
16
ноябри
2019
|
Ба истиқболи 30-солагии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак |
Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷумлаи муҳимтарин санадҳои байналмилалие мебошад, ки ҳуқуқҳои бунёдии кӯдак ва аз ҷумла яке аз ҳуқуқҳои калидии ӯ - ҳуқуқ ба таҳсилро ба танзим медарорад, зеро маърифатнокӣ омили асосии амалисозии дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад. Конвенсияи мазкур бо қарори 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 ноябри соли 1989 қабул шудааст.
Дар таърихи навини тоҷикон Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин санадҳои байналмилалие мебошад, ки онро Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расонидааст ва соли сипаришуда 25-солагии ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия бо доир намудани як қатор чорабиниҳои илмиву оммавӣ ва маърифативу фароғатӣ ҷашн гирифта шуд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар доираи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил пайваста талош намуда, тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Чунин талошҳои пешбарандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Қайдҳои хотимавии Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак вобаста ба Маърӯзаи муттаҳидаи сеюм-панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва протоколҳои иловагии он, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Женева мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд, мусбӣ арзёбӣ шудаанд.
Кумита ҳусни тафоҳум ва муколамаи бунёдкоронаи Тоҷикистонро пазироӣ намуда, муваффақиятҳои ҷумҳуриро аз ҷумла дар пешбурди тадбирҳои қонунгузорӣ, институтсионалӣ ва сиёсӣ, махсусан Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” (соли 2015) ва таъсис додани мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (2016) истиқбол намудааст.
Ҳамзамон, Кумита ҷиҳати боз ҳам тақвият додан ва таҳким бахшидани амалисозии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои дахлдор пешниҳод намудааст. Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур моҳи апрели соли 2018 Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 тасдиқ ва роҳандозӣ карда шудааст.
Яке аз тавсияҳое, ки аз ҷониби Кумита пешниҳод шуда буд, андешидани чораҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, касбияти омӯзгорон ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба манотиқи деҳот ва дурдаст, инчунин ҷиҳати тақвият додани низоми таҳсилоти томактабӣ ва таъмини дастрасӣ ба он, аз ҷумла барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат буда, роҳҳои амалисозии он дар Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 инъикоси худро ёфтаанд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд шудааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа медиҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома дода, мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф менамояд.
Дар қатори мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф дар Паёми Пешвои миллат ду проблемаи асосии ҳалталаб: норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва нокифоя будани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар нишон дода шудаанд.
Сарвари давлат меҳнату заҳмати кормандони соҳаи маорифро баланд арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ ғамхориро нисбати онҳо идома хоҳад дод. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд ва “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.
Санҷишу мониторингҳое, ки соли 2019 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 муассисаҳои томактабӣ, 12 муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва 6 мактаб-интернат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гузаронида шуданд, бори дигар нишон медиҳанд, ки чунин проблемаҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ вуҷуд доранд.
Ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил дар Стратегияи фаъолияти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2016-2020 яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст. Дар Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 низ бо мақсади ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакони маъюб ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ВҲК муқаррар шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ сол аз сол нуфуси аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати баланд афзоиш меёбад ва чунин ҳолат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ пайваста чораандешӣ намояд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарки амиқи масъалаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва тибқи меъёрҳои муқарраргардида таъмин намудани хонандагон бо ҷойҳои нишаст пайваста фаъолият мекунад. Аз ҷумла, қабули Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи давлатии таъмини муассисањои тањсилоти умумии љумњурї бо кабинетњои фаннї ва озмоишгоњњои муљањњази таълимї барои солњои 2018- 2020 ва дигар санадҳои дахлдори соҳавӣ барои амалисозии ҳадафҳои дар боло зикршуда равона шудааст.
Дар идомаи иқдомҳои бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла ҷиҳати азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ такони тоза хоҳад бахшид.
Фаъолияти пайвастаи ВҲК ҶТ дар ин самт ба роҳ монда шудааст ва кормандони мақомоти ВҲИ ҶТ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил ҳамчун самти афзалиятноки стратегӣ минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он барои солҳои 2018-2022 аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.
Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдак А. Содиқов