ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

2
майи
2019

АЁДАТ ВА СУҲБАТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БО НОБОЛИҒОНИ БА ВАТАН БАРГАРДОНИДАШУДА

Субҳи 2 майи соли равон Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб, ки айни замон макони зисти кӯдакон гаштааст, ташриф оварда, аз аҳволи онҳо аз наздик шинос шуд.

Зимни ташриф Р. Ҳабибулозода сараввал бо роҳбарияти муассиса ва ҳайати духтурону мураббияҳо мулоқот намуда, баъдан рафти гузаронидани ташхис, тарзи муносибат ва шароити моддиву маишии кӯдакон аз наздик шинос шуд.

Бори дигар таъкид карда шуд, ки масъалаи мазкур зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати воридсозии кӯдакон ба ҷомеа ва ҳаёти муқаррарӣ бояд тамоми имкониятҳо истифода шаванд.

kharangon2

Шиносоӣ бо шароити будубоши кӯдакон нишон дод, ки нисбати онҳо муносибати ғамхорона таъмин карда шудааст. Таъминоти онҳо бо сару либос, ғизои солим ва доруворӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳамаи кӯдакон аз ташхиси пурраи тиббӣ гузаронида шуданд. Мутахассисони равоншинос бо онҳо кор карда истодаанд.

Дар охир Р.Ҳабибулозода бо чанде аз кӯдакон суҳбат намуд. Маълум гардид, ки кӯдакон тадриҷан ба ҳаёти муқаррарӣ ворид шуда истодаанд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal