ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

3
майи
2019

ХОВАР: ХОДИМОНИ ҲУҚУҚ, ИЛМ ВА ДИН: «БА КӮДАКОНИ АЗ ИРОҚ БА ТОҶИКИСТОН ОВАРДАШУДА ЗИНДАГИИ АРЗАНДА ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАД»

ДУШАНБЕ, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мамлакати ҷангзадаи Ироқ ба Ватан баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик, ки чанде пеш сурат гирифт, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР вобаста ба ин иқдоми дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи ходимони ҳуқуқ, илм ва динро пурсон шуд, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

0101
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон– Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода
-Кӯдаконе, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд, ҳоло дар Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» қарор доранд.


Дар ин осоишгоҳ барои онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи кӯдакон пурра аз ташхиси тиббӣ гузаштанд ва рӯзҳои наздик бо иммунизатсия фаро гирифта мешаванд.


Мусаллам аст, ки ин кӯдакон дар Ироқ дар шароити хеле ногувор қарор доштанд ва дар он ҷо кумаки зарурии тиббӣ намегирифтанд. Айни замон табибон ва равоншиносон бо онҳо кор карда, барои тавонбахшӣ ва ба ҷомеа ворид намуданашон тадбирандешӣ намуда истодаанд.
Дирӯз ман ба аёдати ин кӯдакон рафатам. Гуфта метавонам, ки онҳо дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аллакай аз ҳолати вазнини равоние, ки доштанд, баромада истодаанд. Дар маконе, ки ин кӯдакон нигоҳдорӣ мешаванд, тамоми шароит муҳайё мебошад. Сару либоси мавсимӣ, хӯрокворӣ ва ҷойи хоби онҳо таъмин карда шудаанд. Ман, ки бо онҳо суҳбат доштам, метавонам гӯям, ки кӯдакон аллакай ба муҳити имрӯза мутобиқ шуда, худро хуб ҳис мекунанд.


Ҳоло дар пеш барои офиятбахшӣ, ба ҷомеа ворид намудан, муайян кардани шахсият ва хешовандони кӯдакон, ки барои таълиму тарбия ва ба оилаи худ гирифтани онҳо омодаанд, корҳо давом доранд. Вазорату идораҳое, ки ба ин кор муваззаф гардидаанд, хуб кор карда истодаанд. Метавон гуфт, ки дар пайи андешидани чунин тадбирҳо онҳо дар наздиктарин фурсат дар Ватани худ ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ барои таъмин намудани манфиат ва шароити зиндагии арзандаи онҳо тадбир меандешад.


Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ
-Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 нафар кӯдакон, ки дар Ироқ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд. Фикр мекунам ин иқдоми башардӯстона ва ҷавонмардона мебошад. Зеро Ҷаноби Олӣ бори дигар рисолати таърихии худро нишон дода, ба мардуми тоҷик ва ҷаҳониён исбот намуданд, ки дар ҳақиқат Пешвои миллатанд ва тамоми фарди мамлакат-аз кӯдак то бузург зери назари доимӣ ва сиёсати хирадмандонаи он кас қарор доранд. Тавре борҳо Сарвари давлат таъкид намуданд: «Ягон кӯдаки мо дар кишвари бегона партофта нахоҳад шуд».
Бояд гуфт, ки ин кӯдакон низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Онҳо, албатта, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Боварии комил дорам, ки ҳамеша зери сарпарастии роҳбарияти олии мамлакат қарор мегиранд.


Тавре маълум аст, бисёре аз мамлакатҳои олам, ҳатто кишварҳои аврупоӣ низ имрӯз нафаронеро, ки дар ҷангҳо ширкат кардаанд ва бахшиш мепурсанд ва ё бо хоҳиши худ баргаштан мехоҳанд, қабул намекунанд. Вале тавре мебинем, то имрӯз зиёда аз 170 нафар шаҳрвандоне, ки бо роҳҳои гуногун ба ҷангҳо ҷалб гардида буданд, бахшида шуданд ва ба ҳаёти муътадил баргаштанд».


Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
-Ин амал нишони раҳму шафқат, эҳсоси масъулият ва инсондӯстиву ғамхории Пешвои миллат нисбат ба шаҳрвандони мамлакати худ мебошад, ки анҷом доданд. Раҳмдилӣ ва шафқату меҳрубонии Сарвари давлат нисбат ба шаҳрвандон буд, ки ин кӯдакони бегуноҳ – онҳое, ки волидони ноогоҳашон ба сафи ДИИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пайваста буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.


Дуруст аст, ки сила кардани сари ятимон, навозиш ва хушҳолу ором кардани онҳо чӣ пайомаде дорад. Тасаввур кунед, кӯдакеро, ки аз падар ё модар маҳрум шуда бошад, бозича медиҳӣ, хап намекунад, шир медиҳӣ, ҳамон, ширинӣ медиҳӣ, ҳамон, ҳарчӣ ки диҳӣ, ором намегирад. Ӯ доду фарёд мезанад, модар – модар мегӯяд. То модар омада, ӯро ба оғӯш нагирад, ором намегирад. Нисбат ба шахсе, ки ин корро анҷом медиҳад, роҳат дар ин дунё ва ҷаннат дар охират насиб мегардад.


Ҳоло бисёр кишварҳое ҳастанд, ки баргардонидани шаҳрвандони дар ҷанг иштирок кардаашонро қабул надоранд. Мегӯянд, ки онҳо заҳролуд шудаанд ва мо зарурат надорем, зарур намедонем ва иҷозат ҳам намедиҳем, ки ба кишвари мо дохил шаванд ё баргарданд.


Агар хоҳӣ ки Худованд бароят саодатмандӣ насиб кунад, барои саодатмандии дигарон бикӯш. Худованд мефармояд: «Агар шумо як инсонро наҷот диҳед, саодатманду комёб кунед, мисли он аст, ки тамоми инсониятро комёбу наҷот дода бошед…».


Ин амалкарди Пешвои миллати мо нишонаи раҳму шафқат аст.


Хирадманде мегӯяд: «Агар хоҳӣ ки ҳамеша хонаат, кишварат, миллатат ва давлатат пояндаву устувор ва мустаҳкаму побарҷо бошад, сари ятимеро сила кун…». Ба ин рафтору ташаббуси Пешвои миллатамон чунин метавонем баҳо диҳем: «Ин аст Ислом ва мусалмонӣ…».

Аз сомонаи: http://khovar.tj


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal