Дар асоси ҳамкориҳои судманд бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия рӯзи 7 майи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. бо мақсади шиносоӣ аз вазъи ҳуқуқи кӯдакон, ки дар якҷоягӣ бо модарони маҳкумшуда дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8 СРИҶҶ ВА ҶТ нигоҳдорӣ мешаванд, боздид ба амал овард.
Зимни боздид Ҳабибулозода Р. сараввал бо роҳбарият ва ҳайати кормандони муассиса суҳбат доир намуда, вобаста ба ҳуқуқу озодии кӯдакон мутобиқи қонунгузории миллӣ, стандартҳои мавҷудаи миллӣ ва байналмилалӣ ва таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон ибрози назар намуданд.
Маълум гардид, ки айни замон дар муассисаи мазкур 9 кӯдак (5 писар ва 4 духтар) қарор доранд. Барои кӯдакон дар муассиса тамоми шароитҳои зарурии моддиву маишӣ муҳайё карда шудааст. Муассиса бо духтур ва равоншинос низ таъмин мебошад.
Сипас Ҳабибулозода Р. бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи риояи ҳуқуқи модарон ва кӯдакони дар муассиса қарордошта бо гурӯҳи модароне, ки адои ҷазо менамоянд, суҳбат намуда, аз шароити нигощдорь ва таъминот бо ғизо, ҳолати санитарӣ, муносибати кормандони муассиса нисбати онҳо ва ғайраҳо пурсон шуд. Маҳкумшудагон дар навбати худ қайд намуданд, ки аз шароити нигоҳубин дар муассиса, таъминоти онҳо ва кӯдаконашон бо лавозимоти зарурӣ розӣ буда, танҳо хоҳони авфи навбатӣ мебошанд. Зимни боздид ягон шикоят ворид нашуд.
Дар рафти боздид ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, хусусан кӯдакон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот, ошхона, чойхона ва ҷойҳои корӣ маҳкумшудагон дидан намуд.
Роҳбарияти муассиса қайд намуданд, ки маҳкумшудагони муассисаи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти СРИҶҶ ВА ҶТ қарор дошта, барои минбаъд дар ҷомеа роҳ ёфтани онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.