ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

1
майи
2019

ИШТИРОКИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ПЕШВОЗГИРИИ 84 НАФАР НОБОЛИҒИ БАРГАРДОНИДАШУДА АЗ БАҒДОД

Санаи 30 апрели соли 2019 Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ дар пешвозгирии 84 нафар ноболиғи аз Бағдод ба Тоҷикистон баргардонидашуда иштирок намуд.

Қобили қайд аст, ки баргардонии ноболиғон бо ҷаҳду талош ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.

Шаби 30-юми апрел, зимни пешвозгирии кӯдакон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар суҳбат бо гурӯҳи калони хабарнигорон қайд намуд, ки ба кӯдакон кӯмаки зарурии тиббиву равонӣ расонида мешавад. Баъдан агар хешовандон майл дошта бошанд, кӯдакон ба тарбия ва парастории хешовандон супорида мешаванд. Кӯдакони бесаробонмонда мавриди ғамории ҳамаҷонибаи давлат қарор мегиранд.
Ҳамчунин ба хабарнигорон бори дигар таъкид карда шуд, ки ҳангоми пахши хабару маводҳо вобаста ба кӯдакони ба Ватан баргардондашуда ҳуқуқи онҳо ба дахлнопазирии шахсӣ эҳтиром карда шавад.

Ногуфта намонад, ки масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

iroq3

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак минбаъд низ барои баргардонии кӯдакон аз давлатҳои ҷангзадаи Ироқ ва Сурия дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор барои фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои офиятбахшӣ, ҳуҷҷаткунонӣ, дастгирии машваративу ҳуқуқӣ, тиббӣ-иҷтимоӣ ва солимгардонии онҳо талош менамояд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакон изҳори сипос менамояд.

Дар хабар аксҳо аз сомонаи Радиои “Озодӣ” истифода шудааст.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal