ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

11
майи
2018

Санҷиш дар МТИ №83 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Рӯзи 11 майи соли 2018 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар МТИ №83 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар самти ҳуқуқ ба таҳсил санҷиш гузаронида шуд.

Дар муассисаи таълимии зикргардида 404 нафар хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади дастгирии мунтазами кӯдакон аз гурӯҳҳои осебпазир бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ аз соли 2012 инҷониб нозири ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фаъолият менамояд, ки бо ӯ суҳбати алоҳида гузаронида шуд.

Санҷиши шароити таълиму тарбия нишон медиҳад, ки новобаста аз куҳна будани бинои муассисаи таълимӣ (соли 1968 бунёд шудааст) дар он шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё аст.

Зимни санҷиш аъзои гурӯҳи корӣ бо директори муассисаи таълимӣ, муовини ӯ оид ба таълим ва нозири ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар масъалаи таъмини эҳтиром ва риояи ҳуқуқи кӯдак суҳбат доир намуда, оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Инчунин натиҷаҳои пешакии санҷиш баён ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Санҷиши мазкур дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 анҷом дода шуд.

Натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар мизи мудаввар мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба мақомоти дахлдор тавсияҳо пешниҳод мегарданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак А. Содиқов


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal