ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

10
майи
2018

Санҷиш дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакони дорои маъюбият ба ҳифзи саломатӣ рӯзи 10 майи соли 2018 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон санҷиш гузаронида шуд.

Маркази мазкур дар шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Баҳор, шаҳраки Шифо ҷойгир буда, 20 марти соли 2009 ба фаъолият шуруъ намудааст ва барои солимгардонии тиббии кўдакони гирифтори бемориҳои дастгоҳи такяву ҳаракат, бемориҳои дил, шуш ва асаб фаъолият менамояд.

Марказ дорои шуъбаҳои барқарорнамоии раддодӣ-асабшиносӣ, барқарорнамоии бемориҳои дил ва шуш мебошад. Марказ дорои 70 кат буда, кӯдакон бо волидайнашон (ё шахсони онҳоро ивазкунанда) ройгон ба солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар Марказ зиёда аз 10 намуд амалиётҳои физиотерапевтӣ, аз ҷумла фаросавтдармонӣ, машқҳои инкишофи ақлонӣ, кордармонӣ, парафиндармонӣ, обдармонӣ, масҳдармонӣ, машқтабобатӣ, гармдармонӣ, магнитдармонӣ, намакдармонӣ ва ҳуҷраи дорўгузаронӣ фаъолият менамояд.

Марказ дар як сол то 1700 нафар кӯдаконро ба солимгардонӣ фаро мегирад. Аз суҳбат бо волидон, ки аз ҳар гушаву канори ҷумҳурӣ баҳри солимгардонии фарзандонашон дар Марказ ҳузур доштанд маълум гардид, ки онҳо аз хизматрасонии самараноки муассиса ва кормандони он қаноатманд буда, миннатдории худро баён намуданд.

Дар умум натиҷаи санҷиш нишон дод, ки фаъолияти Марказ хуб ба роҳ монда шуда, ҷиҳати мутобиқгардонии кӯдакони дорои маъюбият ба муҳити атроф, инкишоф додани малакаҳои худхизматрасонии онҳо ва омӯзонидани волидайни чунин кӯдакон ба азхуднамоии маҳорати нигоҳубин корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal