Рӯзи 8 майи соли 2018 тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи дастрасии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсили босифат дар муҳити фарогир, ки самти афзалиятноки фаъолияти ВҲК мебошад, дар МТМУ №28 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак санҷиш гузаронида шуд.
Муассиса аз се бинои таълимӣ иборат буда, барои таҳсили 1900 хонанда пешбинӣ шудааст ва таълим дар он асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Санҷиши шароити таълиму тарбия нишон медиҳад, ки инфрасохтори муассисаи таълимӣ ҷиҳати ба таҳсилоти фарогир ҷалб намудани кӯдакони дорои маъюбият мутобиқ карда шудааст. Аз ҷумла пандусҳо, дастқапакҳо, ҳоҷатхонаҳо ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд. Дар синфҳои 1-9 35 нафар кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаи таълимӣ синфи захиравии мутобиқгардонӣ фаъолият мекунад, ки дар он айни ҳол 5 нафар мутахассисони касбӣ ба 50 нафар кӯдакони дорои маъюбият бо ҷалби модарони ҳамин кӯдакон таълиму тарбия медиҳанд. Инчунин дар саҳни ҳавлии мактаб майдончаи варзишии барои кӯдакони маъюб мувофиқ сохта шудааст.
Дар МТМУ №28 инчунин 45 нафар (23 нафар духтарон) ятимон, нимятимон ва аз оилаҳои камбизоат таълиму тарбия мегиранд.
Зимни санҷиш бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ гузаронида шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, парҳез намудан аз тамошои наворҳои фаҳшу зӯроварӣ дар интернет, риоя намудани вақти шабона барои кӯдакон, канораҷӯӣ намудан аз гурӯҳбозӣ ва маҳалгароӣ, эҳтироми қонунҳои амалкунанда, қоидаҳои дохилимактабӣ, омӯзгорон ва падару модарон ибрози назар карда шуд.
Пас аз вохӯрӣ аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти муассисаи таълимӣ суҳбати ҷудогона доир намуда, натиҷаҳои пешакии санҷишро баён ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои дахлдорро пешниҳод намуданд.