ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

3
майи
2018

Санҷиш дар МТМУ №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 санаи 3 майи соли 2018 дар МТМУ №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак санҷиш гузаронида шуд. Ҳадафи аз санҷиш муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи дастрасии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсили босифат дар муҳити фарогир мебошад.

Муассисаи таълимӣ соли 2010 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, 60 синфхона дорад ва барои таҳсили 1296 хонанда пешбинӣ шудааст. Бо мақсади омода намудани кӯдакон ба таҳсилоти ибтидоӣ дар назди муассисаи таълимӣ Маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки 120 нафар кӯдакони синни томактабиро фаро гирифтааст. Дар муассисаи таълимӣ бо мусоидати ТҶ “Ирода” 13 нафар кӯдакони дорои аутизм таълиму тарбия мегиранд.

mtmu72 2

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки умуман дар муассиса барои таълими хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, ҷиҳати дар муассисаи таълимии мазкур фароҳам овардани муҳити бемонеа барои кӯдакони маъюб ба роҳбарияти муассиса тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Зимни санҷиш дар маҷлисгоҳи мактаб бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ гузаронида шуда, оид ба сиёсати давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони лаёқатманд ва хусусан духтарон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, парҳез намудан аз тамошои наворҳои фаҳшу зӯроварӣ дар интернет, риоя намудани вақти шабона барои кӯдакон, канораҷӯӣ намудан аз гурӯҳбозӣ ва маҳалгароӣ, эҳтироми қонунҳои амалкунанда, қоидаҳои дохилимактабӣ, омӯзгорон ва падару модарон изҳори андеша карда шуд.

Дар фарҷоми санҷиш аъзои гурӯҳи корӣ бо директори мактаб суҳбати ҷудогона доир намуда, натиҷаҳои пешакии санҷишро баён ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои дахлдорро пешниҳод намуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак А. Содиқов

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal