ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

1
июни
2023

Ҳамасола дар ҷаҳон 1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.

Пайдоиши ин ҷашн ба миёнаҳои асри ХХ рост меояд. Соли 1949 дар шаҳри Париж конгресси занон баргузор гардид, ки дар он савганди муборизаи беамон барои сулҳи пойдор ҳамчун кафолати ягонаи хушбахтии кӯдакон садо дод. Зеро пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мушкилоти ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон аз ҳарвақта бештар муҳим буд. Худи ҳамон сол дар ҷаласаи Маскав дар Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон мувофиқи қарорҳои Анҷумани II-юми он ба ҷашни мазкур асос гузошта шуд. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъ-олияти худ эълон кард. Пас аз як сол, 1 июни соли 1950 аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.

12
апрели
2023

011 hifziҲифзи меҳнат таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва қобилияти караёни фаъолиятиории коргарон дар меҳнатӣ буда чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ, техникӣ, санитарӣ-гигиенӣ, табобатӣ-профилактикӣ, барқарорсозӣ ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад. Асосан ҳифзи меҳнат ин маҷмӯи чорабиниҳои ҳатмии корфармоён мебошад. Ба монанди гузаронидани муоинаи тиббӣ, таъмин бо ғизои пешгирикунандаи зараррасон, таъмини кормандон бо либоси махсус тибқи меъёрҳои муқарраршуда, додани имтиёзҳо ва ҷубронпулӣ барои шароити зарарноки меҳнат ба ҳисоб меравад, ки амалисозии онҳо ҳамчун кафолати ҳамкории иҷтимоии корфармоён ва коргарон дар соҳаи ҳифзи меҳнат мебошад. Шароити меҳнат ва муҳити меҳнатӣ барои ҳар як корманд хеле зарур мебошад, зеро тибқи таҳлили мутахассисон аз се як ҳиссаи умри корманд дар ин муҳит мегузарад.

6
апрели
2023

       Дар ҳар як даҳсола бо туфайли тараққиёти пайвастаи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла кашфиётҳои олимону мутахассисон дар ин соҳа дарозумрии инсоният боло меравад. Таърих гувоҳ аст, ки дар даҳсолаҳои гузашта одамон аз бемориҳое мефавтиданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш меовард ва дар ҳалли ин мушкилӣ ба душвориҳо рў ба рў мешуданд. Барои бартараф кардани ин мушкилиҳо 7 апрели соли 1948 аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид муассисаи махсус яъне Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ таъсис дода шуд, ки ба он 194 давлат аъзо мебошанд. Вазифаи асосии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳалли мушкилиҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад. Аз соли 1950 инҷониб ҳамасола рўзи 7 апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ҷашн гирифта мешавад.

5
апрели
2023

7 апрели соли 1948 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ таъсис дода шуда, аз соли 1950 инҷониб ин рӯз ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» ҷашн гирифта мешавад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муассисаи махсуси СММ буда, зиёда аз 194 давлатҳо ба он аъзо мебошанд. Вазифаи асосии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳалли мушкилоти байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад.

30
марти
2023

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ ҳисобида шуда, эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва ҳифз таъмин дар миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистон мақому манзалати худро пайдо намояд.

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal