Ҳамасола 10-уми декабр рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Эъломия дар таърихи инсоният бунёдгузори ҳуқуқу озодиҳои асосӣ ва муҳимтарин санади байналмилалї дар ин соҳа мебошад. Нақши ин ҳуҷҷати ҷаҳонӣ пеш аз ҳама барои эътироф, эҳтиром, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим аст. Меъёрҳое, ки дар ин санад муқаррар шудаанд, аз ҷониби тамоми давлатҳои аъзои СММ эътироф гардида, дар қонунгузории онҳо инъикос ёфтаанд Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 4 декабри соли 1950-ро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон эълон карда, аз тамоми кишварҳо ва созмонҳо даъват ба амал овард то ҳамасола ин санаро ҷашн гиранд.
Барои таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим тамоми дастовардҳои тафаккури инсонӣ истифода шуда, он аввалин таҷрибаи таҳияи дастаҷамъонаи санади ягона доир ба ҳуқуқи инсон мебошад. Эъломия ба зиёда аз 500 забонҳои дунё тарҷума ва нашр гардидааст, ки аз доштани хусусияти умумӣ ва миқёси паҳншавии он шаҳодат медиҳад.
Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои муайян ва муқаррар намудани меъёрҳо ва кафолатҳои давлатии ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, махсусан Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар марҳилаи таҳияи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ истифода бурдааст.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 32 соли истиқлолияти худ дар қатори пешравиҳои иқтисодию иҷтимої ва фарҳангию сиёсї дар соҳаи ҳуқуқи инсон низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, ҳуҷҷатҳои гуногуни стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон қабул кардааст. Аз ҷумла:
Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 тасдиқ шудааст;
Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунї дар байни ноболиѓон барои солҳои 2020-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №431 тасдиқ шудааст;
Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №80 тасдиқ шудааст;
Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №385 тасдиқ шудааст;
Барномаи тавонбахшї ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиѓони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодї ё маҳдуд кардани озодї адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №387 тасдиқ шудааст;
Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 тасдиқ шудааст;
Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №577 тасдиқ гардидааст;
Барномаи ислоҳоти низоми адолати судї нисбат ба кўдакон барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №310 тасдиқ гардидааст.
Дар низоми механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон соли 2009 механизми дигаре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки ин падида аввалин маротиба соли 1809 дар Шветсия ба вуҷуд омада, баъди ҷанги ҷаҳонии дуюм дар давлатҳои демократӣ паҳн гардид. Мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои ҳалли баҳсҳои мавҷуда оид ба ҳуқуқи инсон ва таъмини мувозинат байни манфиатҳои давлатӣ ва манфиатҳои инфиродӣ равона шудааст.
Ҷиҳати амалисозии салоҳияти Ваколатдор ва баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар се минтақаи дигари ҷумҳурӣ – вилояти Хатлон, вилояти МКБ ва вилояти Суғд намояндагиҳои Ваколатдор таъсис дода шуданд.
Хулоса, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд чӣ дар гузашта ва чи имрӯза дар маркази таваҷҷуҳи давлату роҳбарияти ҷумҳурии азизамон қарор дошта, мақомоти дахлдори ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иштирокдори фаъоли конвенсияҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ватании марбут ба ҳуқуқи инсон 75-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро бо баргузории конфронс ва семинарҳои байналмилаливу минтақавӣ ва як қатор чорабиниҳои дигар, бо ҷалби доираи васеи алоқамандон ва доираҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҷлил мекунанд.
Давлатов Ҳ.
Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон