ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

26
июни
2023

Ваҳдати миллӣ кафили амнияти кишвар

27-июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда мисоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Муваффақ шудан ба ризояти миллӣ ва сулҳу Ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ буд. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, руҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, этиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалигардонии нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Кушишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаи хуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

 

Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон, натанҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад, чунки он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаи гуногун шуда метавонад. Кори саҳлу осон набуд, барои таъмини сулҳ танҳо бо иқдоми наҷибона ва сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёби шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқуъ омадани ҳар гуна мулоқотҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ метавонанд таъсири худро расонанд. Нақши Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикон, сохторҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар ин Шӯро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани нерӯҳои солими ҷомеа назаррас мебошад.

Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург аст.

Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ муваффақ шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки хушбахтона халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил гардид. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳам нерӯи бузурги сиёсие мебошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҷодӣ, касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии бонуфузи кишварро муттаҳид намудааст. Ин як қудрати бузург ва умедбахш барои ноил гаштан ба ҳадафи олӣ, яъне таҳкими сулҳу ваҳдат устувории давлатдорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Бинобар ҳамин, аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санад оид ба тамдиди бемуҳлати Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳалли масъалаҳои дар Созишнома баёншуда таъмини сулҳи бебозгаштро дар кишвар таҳким бахшид.

Имрӯз мо ифтихор дорем, ки сулҳи ба дастовардаи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби СММ таҷрибаи нодир эътироф гардидааст, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар як муддати кӯтоҳ хотима ёфта, ҷонибҳои зидди якдигар ба ҳам дасти дустӣ дароз карда, баҳри ҳифзи Ватану сарзамин амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ муттаҳид гаштанд.

Ваколатдор оид                                              Бобоҷонзода М.

ба ҳуқуқи кӯдак


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal