5
июни
2020
|
12
марти
2019
|
Кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, таъмини ҳуқуқҳои фитрии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар моддаи 5 инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, риоя ва ҳифзи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.
Саломатии инсон неъмати олии ҷудонопазири инсон аст, хусусан ба воя расонидани насли солим дар пешравии давлат нақши муҳим дорад. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.