ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
5
июни
2020

Мақолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Р. Ҳабибулозода бахшида ба муносибати 1 Июн - Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон

 
 Ба муносибати 1 Июн - Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон 
 
Таваҷҷуҳ ба кӯдакон кафили фардои нек аст 
Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо дарназардошти чунин муҳиммият дар саросари дунё рӯзи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Соли ҷорӣ он маротибаи 70-ум ҷашн гирифта мешавад.
Расман пайдоиши ин ид бо ҷаласаи махсуси Федератсияи байналмилалии демократии занон (соли 1949) рабт дорад, ки дар он дар бораи таъмини некӯаҳволии кӯдакон қарор қабул гардид. Зарурати таъсис додани ин ид дар он буд, ки солҳои баъдиҷангӣ кӯдакон дар вазъияти хеле ногувор қарор доштанд. Аксарияти кӯдакон аз падару модар, хонаву ҷой маҳрум шуда, маҷбур буданд бо талбандагиву дуздӣ рӯз гузаронанд. Кӯдакони зиёд аз гуруснагиву беморӣ мефавтиданд. Ҳолати мазкур ҷомеаро бетараф гузошта наметавонист. 
Ҳадаф аз ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти кӯдакон ва зарурати ҳифзи онҳо аст. Аз ин рӯ, он на танҳо иди кӯдакон, балки иди калонсолон низ ҳаст.
 Андешаи ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби СММ хуб пазируфта шуд ва аз ҳамин лаҳза СММ ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ арзёбӣ намуд. 
  Бо мақсади инъикоси ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ассамблеяи генералии СММ соли 1959 Эъломияи умумии ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Муқаррароти асосии Эъломия дар он ифода меёбад, ки “инсоният бояд беҳтарин чизеро, ки дорад, ба кӯдакон диҳад”. Он аз волидайн, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро эътироф ва барои амалишавии онҳо мусоидат намоянд.
Баъдан, соли 1989 аввалин санади байналмилалии барои давлатҳои иштирокчӣ ҳатмӣ - Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардид. Санади мазкур ба саъю талоши қариб 70 солаи ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати эътирофи кӯдак ҳамчун шахсияти комилҳуқуқ ва зарурати бо дарназардошти хусусиятҳои хос ва осебпазирии кӯдакон  мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор дода шудани онҳо нуқта гузошт.
Бо гузашти 70 сол масъалаи ҳифзи кӯдакон аҳамияти худро гум накардааст.
 
 
Дар замони муосир низ кӯдакон ба ғамхорӣ ниёз доранд. Ҳақиқати ногузир чунин аст, ки кӯдакон дар ҷомеаҳои гуногун бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Мутаассифона ҳар гуна мушкилоти иҷтимоии замони муосир, аз қабили камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, зӯроварӣ, бемасъулиятии волидайн, ояндабин набудани калонсолон ҳангоми ҳалли масъалаҳои оилавӣ, муҳоҷират, мавҷуд будани иттилооти барои кӯдакон зараровар ва дигарҳо дар навбати аввал метавонанд таъсири манфии худро ба кӯдакон расонанд. 
Гуруҳҳои алоҳидаи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятим, бепарастор, маъюбиятдошта, кӯдакони мубталои бемориҳои гуногун, кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда бештар осебпазиранд ва нисбати худ ғамхорӣ ва муносибати махсусро талаб менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 30% аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини  манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию чисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Чумхурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак буда, ба ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд. 
Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.
Ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ба танзим медарорад. Он кафолатҳои асосии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, муқаррар менамояд.
Ҳоло дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои стратегӣ амалӣ шуда истодаанд, ки барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд.
Ислоҳот ва рушди низоми маориф ва дар ин робита таъмин намудани баробарӣ ва дастрасӣ ба таҳсил, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он аз мақсадҳои стратегии миллӣ ба шумор мераванд. Тадбирҳои дар ин самт андешидашаванда боиси ҳамасола зиёд шудани фарогирии кӯдакон бо таҳсил мегардад.
Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар 662 муассисаи томактабӣ 102 175 кӯдак бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шуда, дар 3884 муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 2 033 900 хонанда таҳсил мекунад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли 2018 барои ҳалли мушкилоти дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати дар соли 2021 ба 30%  расонидани фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ таъкид шудааст ва барои расидан ба ин ҳадаф ҳоло тамоми имкониятҳо ба кор андохта шудаанд.
 Мусоидат ба инкишофи шахсият, истеъдод, қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон вазифаи муҳими давлат ба шумор меравад. Муносибати мо нисбати кӯдакон, қобилияту истеъдоди онҳо кафолати ояндаи бомуваффақияти   кишвар аст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд.
Ҳоло дар натиҷаи ислоҳоти низоми тандурустӣ, ки саломатии модару кӯдак омили калидии он эътироф шудааст, вазъи ҳуқуқи кӯдакон ба саломатӣ ва дастрасии онҳо ба хадамоти тандурустӣ беҳтару хубтар шуда истодааст.  Паст шудани нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон, паст шудани сатҳи бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон шаҳодати ин гуфтаҳоянд. Агар ба рақамҳо рӯ оварем, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакони то 5- сола аз сатҳи 108 ба 1000 таваллуди зинда дар соли 1990 то ба 33 адад дар соли 2017 коҳиш ёфтанд.
Ташаккули комили шахсияти кӯдак, тарбияи дурусти ӯ дар оилаи солим, дар муҳити меҳру муҳаббат имконпазир аст. Аз ин рӯ,  давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад. Бо ин мақсад тадбирҳои дахлдор бобати баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди шаклҳои алтернативии тарбия дар оила андешида мешаванд.
Давлат нисбат ба ҳаёти кӯдакони ятим, маъюб ва бепарастор бетафовут набуда, ғамхорӣ ва дастгирии онҳоро аз вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ  5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд. Ҳуқуқҳои онҳо ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, меҳнат, манзил ва дигарҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд.  Дар соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 1718 нафар кӯдакони ятим, 39321 нафар кӯдакони нимятим бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2461 нафар дар мактаб-интернатҳо мехонанд.
Дар ҷумҳурӣ барои дастгирии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва солимгардонӣ, таҳсилоти кӯдакони маъюбиятдошта ва барои онҳо муҳайё намудани муҳити дастрас барномаҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Дар раванди ин тадбирҳо ҷумҳурӣ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонида, ҷиҳати ба тасвибрасонӣ ва амалӣ гардонидани он Нақшаи миллии амалҳо роҳандозӣ шудааст.
Имрӯз масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак дар робита бо Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ мегарданд. Зеро бе рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ҳуқуқҳои кӯдак наметавонанд самаранок амалӣ шаванд ва кӯдакон бошанд дар баробари ин метавонанд ҳамроҳи калонсолон дар бунёди ҷомеаи осоишта ва пешрафта саҳмгузор бошанд.
Кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки чунин муҳитро барои онҳо муҳайё созем ва барои ба ҳаёти оянда омода шудани кӯдакон ба онҳо кӯмак расонем.
 
 
 
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Р. Ҳабибулозода 
 
 
 
 
 
 
 
 

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal